Ссылки доступа

Назарбоев раҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд


Дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон имрӯз, 29 май ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) оғоз шуд.

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар оғози ҷаласа гуфт, раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод дорад, ки "бо назардошти саҳми Нурсултон Назарбоев дар умури ҳамгироӣ" ба ӯ унвони раҳбари фахрии ИИАО дода шавад.

Дар саммити мазкур, ки бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии ИИАО баргузор мешавад, раҳбарони панҷ кишвари узв -- Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доранд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват шудааст.

Нурсултон Назарбоев, ки моҳи март аз мақомаш истеъфо дод, имсол ба сини 79 медарояд. Ӯ зимоми қудратро дар Қазоқистон ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989 ба даст гирифт. Соли 1990 бори нахуст президенти Қазоқистон интихоб шуда, дар чандин интихоботҳои президентии баъдӣ низ баранда эълом гашт. Муҳлати президентии ахири ӯ соли 2020 ба поён мерасид. Вай соли 2017 "дарозумртарин президент" дар кишварҳои пасошӯравӣ эълом шуд.

Расонаҳои Қазоқистон бори нахуст соли 2016 дар бораи бад шудани саломатии Назарбоев расман хабар доданд, ки боиси лағви сафараш ба Арманистон шуда буд. Баъд аз ин Назарбоев тасмим гирифт, салоҳиятҳои президентро байни ҳукумат ва порлумони Қазоқистон тақсим ва духтари калонияшро узви палатаи болоии порлумон таъйин кунад.

XS
SM
MD
LG