Ссылки доступа

"Хеши олигархи рус" дар навор бо ноиб-садри аъзами пешини Австрия дар воқеъ як донишҷӯ аст


Расонаҳо шахсияти духтареро мушаххас карданд, ки дар соли 2017 дар Ибитс бо ноиб-садри аъзами вақти Австрия Ханс-Кристиан Штрахе мулоқот ва худро "хеши олигархи рус" муаррифӣ карда буд.

Ба навиштаи нашрияи австриёии Die Kronen-Zeitung, дар воқеъ ин духтар як донишҷӯи босниёӣ аст. Барои ширкат дар таҳияи навори мазкур бо Штрахе ба вай дар ивази ҳар рӯз наздики 7 ҳазор евро пардохт кардаанд.

Ба иттилои рӯзноманигорон, духтарро барои нақши хеши олигархи рус дар асоси иттилои шахсии Штрахе интихоб кардаанд. Донишҷӯ дар мулоқот бо вай имкони сармоягузорӣ аз сӯи Русияро дар остонаи интихоботи порлумонии Австрия баррасӣ кард.

Навор ду ҳафта пеш нашр шуд. Баъди нашри навор Штрахе ба истеъфо рафт, дар Австрия эътилофи ҳукумрон фурӯ рехт ва шӯрои миллии он кишвар ба садри аъзам Себастян Куртс раъйи нобоварӣ эълом кард.

Штрахе мегӯяд, қонунро нақз накардааст. Феълан мулоқоти ӯро бо "хеши худхондаи олигархи рус" додситонӣ тафтиш мекунад. Дар ҳамин ҳол, мухолифон мавзуи баргузории интихоботи нави порлумониро муҳокима доранд.

XS
SM
MD
LG