Ссылки доступа

Қариб ними номзадҳои интихоботи Қазоқистон ба мубоҳисаи телевизионӣ наомаданд


Дар Қазоқистон бори дувум дар таърихи навини ин кишвар (бори нахуст соли 2005) мубоҳисаи телевизионии номзадҳо ба мақоми президентӣ баргузор шуд. Дар он чаҳор номзад шахсан ва аз се номзад афроди боэътимодашон иштирок карданд.

Мубоҳисаҳои телевизионии номзадҳо қариб якуним соат идома ёфта, 41 млн танга (беш аз 107 ҳазор доллар) харҷро дар пай дошт.

Номзади ҳизби ҳоким ва президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаевро узви ҳизб ва вакили порлумон Маулен Ашимбоев ва номзади Ҳизби "Оқ жол" Дания Испаеваро раҳбари ҳизб Азат Перуашев намояндагӣ карданд. Ситоди интихоботии Ҳизби "Ауил" чан лаҳза пеш аз оғози мубоҳиса эълом кард, ки дар барнома ба ҷои номзади онҳо Толеутой Раҳимбоев раиси ҳизб Алӣ Бектаев иштирок мекунад.

Номзади Ҳизби мардумии коммунистӣ Жамбил Аҳмадбеков, номзади ҳаракати ҷамъиятии "Улт тақдирӣ" Амирҷон Косанов, номзади Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Амонгелдӣ Таспихов ва Садибек Тугел аз ҳаракати ҷумҳуриявии "Улӣ дала қирандарӣ" шахсан иштирок ва барномаҳои худро муаррифӣ карданд.

Дар таърихи истиқлоли Қазоқистон бори дувум аст, ки мубоҳисаи телевизионии номзадҳо ба мақоми президентӣ баргузор мешавад. Он бори нахуст соли 2005 баргузор шуд, вале номзади вақт ва президенти пешин Нурсултон Назарбоев иштирок накарда буд.

Интихоботи президентии пеш аз муҳлати Қазоқистон 9 июни соли равон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG