Ссылки доступа

Истеъфои Мюллер ва қатъи тафтиши "робитаи Трамп бо Русия"


Додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер пас аз ду соли таҳқиқи робитаи эҳтимолии тими Доналд Трамп ва Русия дар давраи интихоботи президентии Амрико 29 май расман эълом кард, ки тафтишоти ин парванда қатъ шуд ва ӯ ба истеъфо меравад.

"Ин тасмимро худам, мустақилона гирифтаам", - гуфт Мюллер. Вай рӯзи 29-уми май дар Вазорати адлияи Амрико афзуд, ки агар барои суханронӣ дар Конгресс ҳам даъват шавад, ҳеч иттилоеро берун аз ончи дар гузоришаш нашр кардааст, ба забон нахоҳад овард.

Додситони махсуси ИМА бори дигар қайд кард, ки дахолати Русия дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 комилан исбот карда шуд. Вале ҳамкории Трамп ё атрофиёни ӯ бо Русия тасдиқи худро наёфтанд ва дар ин замина далеле низ пайдо карда натавонистанд.

Ба гуфтаи Мюллер, Вазорати адлияи ИМА бар пояи қонун наметавонад зидди президенти кунунии кишвараш айб эълом кунад. Дар мавриди гумонбарони дигари қазия гуфт, "ноадолатӣ мешавад, агар касеро ба ҷинояте айбдор кунем, ки натавонистем дар додгоҳ эълом намоем".

Тафтиши робитаи эҳтимолии ситоди Трампро бо Русия Бюрои федеролии тафтишотии ИМА ҳанӯз пеш аз пирӯзии ӯ дар интихобот оғоз карда буд. Ба гуфтаи Трамп, ин тафтишот кори ҷонибдорони рақибони сиёсии демократи ӯ дар бюро буд. Мюллер ва тимаш дар давоми ду соли санҷиши худ зидди 34 шахси воқеӣ ва ду шахси ҳуқуқӣ беш аз 200 айб эълом карданд. 26 айбдоршаванда шаҳрванди Русия ва 6 тани дигар мушовирони пешини президенти ИМА буданд.

XS
SM
MD
LG