Ссылки доступа

Зиндонии машҳури қирғиз мехоҳад, шоҳидони парвандааш бо Қуръон қасам бихӯранд


Ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров, ки бо айби ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Қирғизистон ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, ба сардори пулиси ноҳияи Бозор -Қурғони ин кишвар Азизбек Осконбоев муроҷиатномаеро ирсол кард.

Аскаров, аз ҷумла навиштааст, ки ӯ дар куштори корманди пулис Сулаймонов даст надорад. Ҳамчунин аз Осконбоев хостааст, 17 нафареро, ки зиддаш баёнот додаанд, дубора бозпурсӣ кунад.

"Агар ин дуруғгӯён китоби Қуръонро дар даст гирифта, баёноти худро такрор кунанд, дигар ман барои ҳимояти худ ба ҷое нахоҳам навишт. Ҷазои ҷинояткории онҳоро аз Худованд мунтазир мешавам", - гуфтааст ӯ.

Азимҷон Аскаров бо айбномаи ташкили бетартибиҳо ва даст доштан дар куштори корманди пулис дар ҷараёни даргирии байниқавмии қирғизҳо ва ӯзбектаборон дар моҳи июни соли 2010 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда, зинаҳои болоии додгоҳ низ ин ҳукмро ҳимоят карданд.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон хост, парвандаи Аскаров бознигарӣ шавад. Кумита гуфт, ҳомии ҳуқуқи машҳури қирғиз ғайриқонунӣ боздошту шиканҷа шуда, дар шароити хеле бад нигаҳдорӣ мешавад.

Дертар додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон парвандаи вайро дубора баррасӣ кард, вале ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт. Як қатор созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳанӯз ҳам исрор доранд, ки Аскаров ғайриқонунӣ ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG