Ссылки доступа

Пешниҳоди гаронтар кардани нархи сигор дар Тоҷикистон


Давлати Тоҷикистон аз тарси афзоиши бемориҳои шушу саратон дар байни аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки қимати сигорро баланд бардорад, то аз ин роҳ дастрасӣ ба тамоку камтар шавад.

Масъалаи зиёни сигор ва мубориза бо истифодаи зиёди он дар байни аҳолӣ рӯзи 28-уми май дар як нишасте ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар Душанбе баррасӣ шуд. Сӯҳроб Воҳидов, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ дар Вазорати тандурустӣ гуфт, боло бурдани қимати сигор метавонад, дастрасӣ ба тамоку ва теъдоди сигоркашонро кам кунад.

Аммо ин нигарониҳо ҳам садо дод, ки гарону дастнорас кардани сигор барои аҳолии камбизоати Тоҷикистон, сигориҳоро водор мекунад, ба навъи дигари тамоку, яъне нос рӯ биёранд. Навъи тамокуи суннатӣ, ки зиёнаш на камтар аз сигор аст ва дар байни аҳолӣ бисёр зиёд истифода мешавад.

Сӯҳроб Воҳидов дар нишаст гуфт, гурӯҳи корие дар Вазорати рушди иқтисод машғули таҳияи санадҳои лозимӣ барои афзоиши қимати сигоранд. Ӯ афзуд, айни замон Тоҷикистон мехоҳад, ӯҳдадориҳои байналмилалиашро барои мубориза бо сигоркашӣ иҷро кунад.

Намояндаи вазорати иандурустӣ афзуд, гаронтар кардани қимати тамоку дар дигар кишварҳо “натиҷаи хуб додааст” ва теъдоди онҳое, ки аз тарси нархи баланд, аз одати зиёноварашон даст кашидаанд, зиёд шудааст. Ба қавли Сӯҳроб Воҳидов, "ҳоло дар Осиёи Марказӣ сигори аз ҳама арзонро дар Тоҷикистон меёбед". Намояндаи вазорат ҷузъиёти пешниҳодҳо барои гарон кардани қимати сигорро шарҳ дод ва гуфт: "Мо мехоҳем, аз 5 то 7 сомонӣ боло бурда шавад. Нархи сигори арзони арзон аз 5 сомонӣ боло шавад. Дар Тоҷикистон арзон аст, масалан дар Туркманистон нархи як қуттии сигор аз 50 сомонии худамон сар мешавад”.

Аммо дар нишасти бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар Душанбе ин нигарониҳо садо дод, ки гаронтар кардани сигор танҳо роҳи кам кардани талабот ба тамоку буда наметавонад, чун интихоби дигаре дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Бино ба гузоришҳо Тоҷикистон аз назари истеъмоли тамоку дар миёни кишварҳои муштаракулманофеъ мақоми 9 ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро касб кардааст. Як таҳқиқи соли 2016 нишон додааст, ки 29,9 дарсади аҳолии калонсол дар кишвар тамоку мекашанд, ки аз ин 25,7 фисадро мардон ва 2,2 фисадро занон ташкил медиҳанд. Тибқи гузоришҳои дигар дар Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳоро мардон, 10 дар садро занон ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Давлати Тоҷикистон соли 2017 қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро тасвиб кард ва бар асоси он фурӯшу истифодаи тамоку маҳдуд шуд. Тарғиби тамоку, истеъмоли он дар ресторанҳо, дар назди шифохонаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам манъ шуд.

Аммо бо вуҷуди ин фурӯши он ва бахусус нос дар кӯчаву бозорҳо ба назар мерасад. Носфурӯшҳо барои ҷалби харидор бо садои баланд фарёд мекашанд, ки як навъи реклама ба ҳисоб меравад. Табибон бар ин назаранд, ки дар баробари сигор, нос ҳам хатари зиёд дорад ва бояд масъулин дар мавриди ҷилавгирӣ аз паҳншавии он миёни мардум, аз ҷумла ҷавонон, тарғибот баранд ва чораҳои бештар биандешанд.

XS
SM
MD
LG