Ссылки доступа

Аз Қирғизистон дар чанд сол ба хориҷ $250 млн бурда шудааст


Тибқи санадҳое, ки дастраси Бахши қирғизии Радиои Озодӣ шуданд, тайи чанд соли ахир аз Қирғизистон дасти кам 250 миллион долларро ба хориҷ бурдаанд.

Рӯзноманигори радио Алӣ Токтакунов дар пайи таҳқиқи худ муайян кард, ки як қисми ин пулҳо ба ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ворид гаштааст. Вале манбаъҳои муътамад мегӯянд, пуле, ки ба хориҷ аз Қирғизистон бурдаанд, беш аз 700 миллион доллар аст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки шаҳрванди Чин Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст. Худи ӯ дар суҳбат бо радио гуфт, ки Саймаитӣ ва ҳамсарашро намешиносад ва аз онҳо пуле ҳам дарёфт накардааст. Бунёди "Исмоил Матраимов" солҳои ахир чорабиниҳои варзишиеро бо иштироки мансабдорони баландпоя баргузор мекунад.

Муовини раиси Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон Эмил Жамгирчиев 27 май гуфт, санҷиши дороиҳои Матраимов ба зудӣ ба поён мерасад. Бояд гуфт, санҷиши дороиҳои Райимбек Матраимов панҷ сол мешавад, идома дорад.

XS
SM
MD
LG