Ссылки доступа

Додгоҳи олии Русия як корманди пешини милисаро барои куштори 19 зан ба ҳабси абад фиристод


Додгоҳи олии Русия дархости бознигарии ҳукми додгоҳи зинаҳои поёниро дар робита ба Евгений Чуплинский рад ва ҳукми зиндони абадро бе тағйир боқӣ гузошт. Чуплинский, сокини Новосибирск дар куштори 19 зан айбдор аст.

Тафтишот мегӯяд, корманди пешини милиса 19 занро ба таври ваҳшиёна кушта ва ба қисмҳо ҷудо кардааст. Вай ин кушторро аз соли 1998 то 2005 анҷом додааст. Вай он замон дар раёсати корҳои дохилии Новосибирск кор мекард.

Корманди пешини милисаро танҳо дар соли 2016 боздошт карданд. Вай айбро эътироф ва бо тафтишот ҳамкорӣ кард. Табибон гуфтанд, Чуплинский аз ҷиҳати равонӣ комилан сиҳат аст.

Аммо хилофи эътирофҳои пешин, вай моҳи апрели соли 2017 гуфт, ҷинояте содир накардааст. Дӯстон ва наздикони Чуплинский бовар надоранд, ки вай куштор анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG