Ссылки доступа

Фаъолони Бишкек зидди фасодкорӣ тазоҳурот мекунанд


Фаъолони мадании шаҳри Бишкеки Қирғизистон тасмим доранд, бо баргузории як тазоҳуроти осоишта аз мақомот муборизаи воқеиро бо коррупсия талаб кунанд. Ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова тариқи саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мардумро ба тазоҳурот даъват кардааст.

"Агар мо ҳозир даст ба иқдомҳои ҷиддӣ назанем ва ислоҳотро талаб накунем, дар мо чизе тағйир нахоҳад ёфт. Шумо аз мубориза бо фасод қонеъ ҳастед? Аз фаъолияти Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон қаноатмандед? Шумо розиед, ки миллионҳо буҷаро давр бизананд ва ҳама муборизаҳо бо таъқибҳои сиёсӣ бианҷоманд?", - суол гузоштааст ӯ.

​Ҳомии ҳуқуқи қирғиз аз сокинони норозии кишвараш даъват кардааст, ки барои баргузории тазоҳуроти осоишта таҳти шиори "Ба хотири муборизаи воқеӣ бо коррупсия" 3 июн дар майдони Бишкек ҷамъ шаванд.

"Дар давоми як соат ба президент ва порлумон нишон хоҳем дод, ки аз шеваи мубориза бо коррупсия дар кишвар розӣ нестем. Хоҳиш мекунам, ин иттилоъро ба дигарон ҳам расонед", - навиштааст Карасартова.

XS
SM
MD
LG