Ссылки доступа

Аз раиси Шӯрои Аврупо хостанд, дар Нурсултон аз ҳуқуқи инсон суҳбат кунад


Ҳомиёни ҳуқуқ 30 май муроҷиатномаеро дар робита ба сафари раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Қазоқистон нашр карданд. Дар муроҷиатнома ҳолатҳои "ошкорои нақзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Қазоқистон дар остонаи интихобот" номбар шудааст.

Муаллифони муроҷиатнома аз ҷумла аз боздоштҳои 1 май ёдовар шудаанд, ки дар он рӯз сокинон бо талаби баргузории интихоботи шаффоф ба кӯча баромаданд ва аз сӯи пулис боздошт ва ҷаримаву ҳабс шуданд.

Дар ҳуҷҷат, ки аз сӯи бештар аз 130 одам имзо шудааст, ҳамзамон аз басташавии шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои хабарӣ дар рӯзи 9 май ёддорӣ шудааст. "Он рӯз ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти 41 фаъоли маданӣ хабар доданд", - омадааст дар муроҷиатнома.

"Бо назардошти қатъномаи Порлумони Аврупо аз 14 марти соли ҷорӣ ва гузориши департаменти ИМА аз 13 марти соли ҷорӣ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, мо мехоҳем таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб кунем, ки мақомоти кишвар дар ин робита ҳеч ҷораҷӯие накардаанд", - навиштаанд муаллифон.

XS
SM
MD
LG