Ссылки доступа

Ҷавони тоҷик барои ташвиқи ду ноболиғ ба "ҷиҳод" зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони 28-соларо бо гуноҳи мағзшӯии ноболиғон ва ташвиқи онҳо барои "ҷиҳод" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи Суҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), рӯзи 27-уми май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Дар баёнияи расмии додгоҳ омадааст, ки Ҳасанов барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанг дар қаламрави кишварҳои дигар, ифротгароӣ ва талош барои убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Муфаттишон мегӯянд, Сӯҳроб Ҳасанов, ки худаш тарафдори гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” будааст, "дар шуур ва иродаи чаҳор ноболиғ Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, Мустафо Қурбонов ва Ҳабибулло Давлатов ақидаҳои ин ташкилоти ифротиро ҷой кардааст".

Ба гуфтаи муфаттишон, барои мағзшӯии ноболиғон, ки ду нафарашон 16-сола будаанд, Сӯҳроб Ҳасанов аз Телеграм истифода бурда, пайваста ба онҳо ҷангу хунрезиҳои аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ”- ро нишон медодааст.

Ба қавли додгоҳ, кор то ба ҷое расидааст, рӯзи 23-юми марти соли 2018 Сӯҳроб Ҳасанов, ду ноболиғ Мустафо Қурбонов, Ҳабибулло Давлатовро гирифта ва хостааст, “якҷоя ба мақсади ҷиҳод ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бираванд”.

Аммо дар роҳ бемории яке аз ноболиғон авҷ гирифтааст, ки ба Душанбе баргаштаанд ва баъдан боздошт шудаанд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Сӯҳроб Ҳасанов бояд 14 соли умрашро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунад. Ҳамаи ин ноболиғон аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳастанд.

Ҳасанов ва чаҳор ноболиғро моҳи сентябри соли 2018 дастгир карданд.

Баъд аз зуҳури гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин гуруҳ пайвастаанд. Садҳо нафари дигарро барои эълони садоқат ба ин гурӯҳ ва ё тарғиби ақидаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

XS
SM
MD
LG