Ссылки доступа

Додгоҳе дар Алмато сомонаи Exclusive.kz-ро барои назарсанҷӣ ҷарима баст


Додгоҳи маъмурии шаҳри Алматои Қазоқистон 30 май муассиси сомонаи Exclusive.kz-ро бо айби "вайрон кардани тартиботи назарсанҷиҳои оммавии марбут ба интихобот" наздики 200 доллар ҷарима баст.

Роҳбарони сомона айби эъломшударо рад мекунанд.

Додгоҳ мегӯяд, "назарсанҷии афкори омма" 5 май дар YouTube роҳандозӣ шуда, баъдтар натиҷаҳои он дар сомонаи Exclusive.kz нашр шудааст. Шумори "назардодагон" 120 нафар будааст.

Ин аввалин намунае нест, ки мақомот ба далели вайрон шудани тартиботи назарсанҷиҳои марбут ба интихобот ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ҳадди ақал, ду шаҳрванди дигар барои анҷом додани назарсанҷиҳои интихоботӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷарима шудаанд.

Додситонии кулли Қазоқистон 23 май шаҳрвандонро огоҳ кард, ки "ба вайронсозии қонунгузории интихоботӣ", аз ҷумла "тартиботи баргузории назарсанҷиҳои оммавӣ" роҳ надиҳанд.

XS
SM
MD
LG