Ссылки доступа

Департаменти давлатӣ дарёфти визаи Амрикоро сахттар кард


Департаменти давлатии ИМА онҳоеро, ки мехоҳанд, раводид (виза)-и Амрикоро дарёфт кунанд, вазифадор кард, ки дар бораи саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рақамҳои телефонашон дар 5 соли ахир низ маълумот пешниҳод кунанд.

Ин ниҳод дар шарҳи қоидаҳои нави дарёфти раводид гуфтааст, "бояд террористон ва шахсони хатарноки дигарро муайян ва аз вурудашон ба ИМА пешгирӣ кард". Ба гуфтаи намояндагони департамент, муроҷиаткунандагон метавонанд, бигӯянд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надоранд. Вале агар санҷишҳо дурӯғ будани маълумотро исбот кунанд, онҳоро "оқибатҳои ҷиддӣ" мунтазир хоҳад буд.

Пештар аз онҳое маълумот дар бораи саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаб мешуд, ки аз санҷиши иловагӣ мегузаштанд ё ба минтақаҳои зери идораи гуруҳҳои террористӣ рафтаанд. Вале акнун ҳамаи онҳое, ки раводиди сайёҳӣ, донишҷӯӣ ва корӣ дарёфт карданианд, ба ироаи маълумоти мазкур вазифадор карда шуданд.

Маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обамаро танқид доранд, ки дархосткунандаҳои раводиди Амрикоро хеле сода аз санҷиш мегузаронд ва ин боис шуд, шаҳрванди Покистон Ташфин Молик раводиди Амрикоро дарёфт карда, соли 2015 дар куштори дастаҷамъии шаҳри Сан-Бернардинои иёлати Калифорния, ки 14 қурбонӣ бар ҷой гузошт, иштирок кунад. Дертар санҷишҳо муайян карданд, ки Молик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои терристӣ матолибе нашр карда буд, вале мақомоти ИМА ба он аҳамият надодаанд.

Қоидаҳои нав мунаққидони худро низ доранд. Дар Иттиҳодияи ҳимояти озодии шаҳрвандони Амрико гуфтанд, "ҳеч гуна далели таҳлили одилона ва корсози шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд нест". Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, қоидаҳои нав ба худсонсурӣ дар Интернет сабаб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG