Ссылки доступа

Манъи фаъолияти корхонаҳои оҳангудозии Душанбе пас аз шикояти сокинон


Баъд аз шикояти зиёди сокинон аз дуди ғализи корхонаҳои оҳангудозӣ дар Душанбе, мақомот фаъолияти бархе аз онҳоро манъ кардаанд.

Рӯзи 30-уми май дари чанде аз коргоҳҳои оҳангудозии чинӣ дар маҳаллаи “Якум Советский” баста буд. Дар ин коргоҳҳо, ки дар дохили як корхонаи бузурге ҷойгир буданд ва хӯлаҳои оҳанин, ё арматура истеҳсол мекарданд, нишоне аз дастгоҳҳои оҳангудозӣ дида намешуд. Дар баъзе аз гӯшаҳои ҳавлии ин корхона ба ҷои истеҳсоли арматура, сокинон ба сохтани дару панҷараҳои оҳанин машғуланд. Сокинони маҳалла гуфтанд, баъди шикоятҳои зиёди онҳо, ду моҳ мешавад, аз ин корхона дуди ғализи сиёҳ намебарояд.

Сафӣ Давлатбибӣ, сокини кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз дуди ғализи корхонаи назди манзилашон бисёр азият мекашиданд ва умедворанд, барои ҳамеша аз он дуд халос шудаанд. Ӯ афзуд: “Азобе, ки аз дуди ҳамин завод муддати 8-9 сол кашидем, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ надида будем. Як дуде буд, ки тамоми ҷиҳози хонаамонро ифлос намуда, худамонро бемор кард, аз таъсири дуди корхона ба бемориҳои роҳи нафас, меъда гирифтор шудем. Ҳамеша сиёҳоба мепартофтем ва вақти муроҷиат ба беморхона табибон мегуфтанд, дуд ба шумо зарар кардааст.”

"Такие страдания мы не испытывали даже в годы гражданской войны"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:42 0:00

Сафӣ Давлатбибӣ мехоҳад, соҳибони корхона ба онҳо барои ин зиён ҷуброн бипарзоданд.

Дуди корхонаҳои оҳангудозӣ на танҳо сокинон, балки раёсати беморхонаи марказии шаҳри Душанберо низ нигарон карда буд. Раҳбарияти беморхонаи марказии Душанбе, ки ҳудудан 25-30 метр дуртар аз коргоҳҳои оҳангудозии чинӣ дар маҳаллаи "Якум Советский" ҷойгир аст, дуди корхонаро бар зарари беморон арзёбӣ мекарданд.

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар пай шикояти зиёди сокинон аз кори корхонаҳои истеҳсоли арматура, ки бо нақзи меъёрҳои экологӣ фаъолият мебурданд, кори бархе аз онҳоро манъ кард ва ба баъзеи дигар дастур дода шуд, технологияи кӯҳнаи худро иваз намоянд.

XS
SM
MD
LG