Ссылки доступа

Сел дар Хуросон роҳу хонаҳоро вайрон кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сел дар Хуросон роҳу хонаҳоро вайрон кард. Сел дар рӯзи 2-уми июн ба чандин хона дар ноҳияи Хуросон осеб расонд. Ин видеоро ба Радиои Озодӣ дар ҳамин рӯз аз ҷамоати Қизилқалъа фиристоданд. (видео)

- Бедодгарии сел дар ноҳияи Хуросон. Дар натиҷаи борони зиёд ва обхезӣ дар рӯзи 2-уми июн даҳҳо хона дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон осеб дидаанд. Яке аз корбарон аз ноҳияи Хуросон чанд видеоеро фиристод, ки вусъати харобӣ дар деҳаҳои Меҳнатобод ва деҳаи Файзалӣ Ғаниев нишон медиҳад (видео)

- Одамкашӣ бо ароба дар бозори Садоводи Маскав. Борони сели рӯзи 30-уми июн дар шаҳри Маскав ва аз об пур шудани қисме аз бозори маъруфи Садовод ҳам, аробакашони тоҷикро бекор нагузошт. Дар ин рӯз чанде аз муҳоҷирони корӣ бо аробаҳои боркашии худ, на либосу дигар маҳсулот балки одам мебурданд ва “роҳкиро” ҳам мегирифтанд (видео)

- "Азоби инҷоро дар ҷанги дохилӣ ҳам надида будем". Баъд аз шикояти зиёди сокинон аз дуди ғализи корхонаҳои оҳангудозӣ дар Душанбе, мақомот фаъолияти бархе аз онҳоро манъ кардаанд (видео)

- Бозори ғайриқонунии сӯзишворӣ дар Қирғизистон. (видео аз Директ)

- Кӯдакони қирғизистоние, ки волидони муҳоҷирашон аз баҳри онҳо гузаштаанд, чи рӯзгоре доранд? (видео аз Директ)​

- Номзадҳои интихоботии Қазоқистон худро чи гуна таблиғ мекунанд (видеои Настоящее время)

- Дар Куриёи Шимолӣ, ба эҳтимоли зиёд, дипломатҳоро баъди нокомии саммит бо Трамп қатл кардаанд (видеои Настощее время)

- Зеленский дар ду ҳафтаи президентиаш чи кор кард (видеои Настоящее время)

- Калисое дар Калифорния барои донишҷӯёни бехона хобгоҳ сохт (видеои Настоящее время)

- Луизиана панҷумин аёлати ИМА шуд, ки исқоти ҳамлро манъ мекунад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG