Ссылки доступа

Раиси Андиҷон ихроҷи Хуршеда Тиллоеваро аз "хонаи туҳфашуда" тасдиқ кард (видео)


Раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов гуфт, сокини маҳаллӣ ва модари ду фарзанд Хуршеда Тиллоева, ки пас аз як рӯзи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз хонаи туҳфашуда берун карда шуд, қурбони фиребгарӣ шудааст.

Ахиран дар саҳифаи Ютуб видеои суханронии раиси вилояти Андиҷон дар як нишасти хабарӣ нашр шуд, ки дар он қазияи аз хонаи нав берун шудани дузанда Хуршеда Тиллоеваи 35-сола шарҳ дода мешавад.

"Мақомоти маҳаллӣ инҷо як иштибоҳ кардаанд. Зоҳиран сардори шуъбаи кадрҳои ҳукумати ноҳия ба бонувон гуфтааст, ки ин хонаҳои нав аз ин ба баъд ба шумо тааллуқ доранд", - изҳор доштааст Абдураҳмонов.

Раиси Кумитаи бонувони вилояти Андиҷон Манзура Юнусова дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ тасдиқ кард, ки он рӯз занонро ба хонаҳои нав бурда, гуфта буданд, ки "ин манзилҳои зист ба онҳо тааллуқ доранд". "Аз корхонаи "Ӯздарётранс" дархост кардем, ки кормандони моро ба хонаҳои нав бибаранд. Ба онҳо гуфтем, ки ин ҳама барои шумо бунёд мешавад. Хостем, бонувонро ҳавасманд гардонем", - афзуд ӯ.

Сомонаи ҳукумати вилояти Андиҷон навиштааст, хонае, ки Хуршеда Тиллоева дар он бо хабарнигорон суҳбат кард, дар маҳалли "Мустакилликнинг 27 йиллигӣ" ҷойгир буда, ба "модар, хоҳар ва бародари маъюб"-и Хуршеда Тиллоева дода шудааст. Ҳамчунин хоҳари калонии Хуршеда низ дар ин маҳалла соҳиби хона гаштааст. "Барои худи Хуршеда Тиллоева бо назардошти вазъи молӣ ва кӯдакони ноболиғаш дар яке аз биноҳои серошёна манзили зист ҷудо карда мешавад", - афзудааст манбаъ. Ба иттилои масъулони ҳукумати Андиҷон, манзили зисти мазкур то моҳи август ба Хуршеда Тиллоева дода хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, Хуршеда Тиллоева, ки телевизионҳои Ӯзбекистон дар ҷараёни сафари президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Андиҷон аз ӯ ҳамчун яке аз "соҳибони хушбахт"-и хонаҳои нав ном бурданд, ахиран гуфт, дар асл ҳеч манзили зисте дарёфт накардааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба вилояти Андиҷон дар баробари ӯ ба ҳашт зани дигар низ манзили зисти нав "туҳфа" карда шуд, вале пас аз баргашти президент мақомот ҳамаи онҳоро аз хонаҳо берун карданд.

Президенти Ӯзбекистон 17 май аз маҳаллаи "Мустақиллик"-и вилояти Андиҷон боздид карда, мақомоти маҳаллиро барои сатҳи пасти зиндагии мардум сахт танқид кард. Пас аз интиқоди президент телевизиони "Ӯзбекистон-24" Хуршеда Тиллоеваро нишон дод, ки гӯиё мақомот бахшида ба моҳи Рамазон ба ӯ хонаи нав додаанд.

XS
SM
MD
LG