Ссылки доступа

Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон. Як нафар ҳалок шуд ва садҳо хона осеб дид (видео)


Дар натиҷаи борони зиёд ва обхезӣ дар ду рӯзи ахир, садҳо хона дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон осеб дидаанд. Як сокини ноҳияи Хуросон бар асари селобҳо ҷон бохтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари боронгариҳои 1-уми июн дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ, 70 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон тахриб шуда ва таҳхонаҳои 8 хона зери об монд. Мақомоти кумита мегӯянд, ки сел дар ин маҳал талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Ба гуфтаи мақомот, ба ҳадафи бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, гурӯҳи корӣ бо раҳбарии Рустам Шоҳиён, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба маҳали ҳодиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, рафтааст.

Стихийное бедствие в Хуросоне
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:51 0:00

Дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизилқалъаи ин ноҳия дар пайи боронгириҳо ва обхезӣ 18 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, як иншооти ёрирасон ва як пул, ки деҳаро бо роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар пайваст мекунад, осеб дидааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳукумати ноҳия, Меъроҷиддин Набиев, сокини 18-солаи деҳаи Бандари ҷамоати Қизилқалъа бар асари селобҳо ба ҳалокат расидааст.

Селевые потоки в Хуросоне
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:46 0:00

Дар видеоҳое, ки аз ҷамоати Қизилқалъа аз ноҳияи Хуросон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки чӣ гуна оби ғализи гилолуд аз роҳҳову байни хонаҳо мегузарад ва як хонаро ҳам комилан зери об кардааст.

Буйство стихии в Хуросоне
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:19 0:00

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳам ба мардум ҳушдор додааст, ки рӯзи 3-уми июн ҳам борони зиёд ва раъду барқ идома меёбад ва мумкин аст, сатҳи об дар рӯдхонаҳои кишвар боло равад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар ин фалокатҳо бештар аз ҳама мардуми камбизоат ва кишоварзон осеб ва хисорот мебинанд. Танҳо имсол дар натиҷаи селу обхезӣ ва дигар фалокатҳои табиӣ дар кишвар 15 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG