Ссылки доступа

Модарони серфарзанди Нурсултон талаби мулоқот бо роҳбари Қазоқистонро доранд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон даҳҳо модари серфарзанд рӯзи душанбеи 3 июн назди бинои порлумон ҷамъ омада, талаб карданд, ки масъалаи манзил ва беҳбуди шароити иҷтимоии хонаводаҳои серфарзанд ҳал карда шавад.

Ҷамъомадагон талаб карданд, ки президент Қосимҷомарт Тоқаев ва сарвазир Аскар Мамин назди онҳо бароянд. Миёни ҷамъомадагон касоне ҳам ҳастанд, ки аз минтақаҳои дигар махсус барои ширкат дар гирдиҳамоӣ ба шаҳри Нурсултон омадаанд.

Ноиб-сарвазири Қазоқистон Гулшара Абдихолиқова ва вазири меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Бердибек Сафарбоев назди ҷамъомадагон баромада, ваъда карданд, ки дар алоҳида ба арзи онҳо хоҳанд расид.

Рӯзи душанбе даҳҳо зани дигар назди қароргоҳи президенти Қазоқистон ҷамъ омада, ҳамчунин талаби таъмини манзил ва беҳсозии шароити зиндагиро карданд. Онҳо гуфтанд, даромадашон барои хариди манзил кифоят намекунад ва солҳост, дар навбати манзил истодаанд.

Занҳо дар ҷамъомад шиори "Манзил ба кӯдакони мо" садо медоданд.

Намояндагони мақомот аз занҳо даъват карданд, ки назди "иншооти стратегӣ" сару садо накунанд ва ба қабулгоҳи порлумон омада, арзашонро бирасонанд.

Марги панҷ кӯдаки як хонаводаи нодор дар моҳи феврали соли ҷорӣ боис шуд, ки волидони серфарзанд ба талаби беҳсозии шароити иҷтимоӣ ва таъмини манзил бароянд. Ба дунболи эътирозҳои оммавӣ президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод.

Моҳи апрели соли ҷорӣ президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонун дар бораи кумак ба хонаводаҳои нодорро имзо кард. Ин қонун кумакпулии моҳонаро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG