Ссылки доступа

Аз табибони беморхонаи саратони шаҳри Тошканд бо таҳдиди манъи ҷарроҳӣ пули таъмир меситонанд


Табибони беморхонаи касалиҳои саратони шаҳри Тошкандро, ки барои таъмини ин беморхона маблағ надодаанд, аз анҷоми ҷарроҳии беморон маҳрум мекунанд.

Ба гуфтаи табибон, аз онҳо талаб шудааст, ки барои таъмини бино 120-долларӣ ҷамъ оранд.

"Мо бояд кадом корро анҷом диҳем - фаъолият кунем, хонаводаро таъмин намоем ва ё бинои беморхонаро таъмир созем? Аз мо талаб шудааст, ки аз ҳисоби худамон биноро таъмир кунем. Дар ғайри сурат аз ҳаққи қабул ва ҷарроҳии беморон маҳрум мешавем", - гуфт як табиб ба шарти ифшо нашудани номаш.

Аммо намояндаи беморхона Уктам Қурбонқулов ин хабарро рад кард. Як табиб аз беморхонаи мазкур гуфт, ҳамаи ҳамкоронаш ба хулосае расидаанд, ки пули таъмирро ҷамъ оранд, дар ғайри сурат аз кор ронда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG