Ссылки доступа

Боздошти "нозири бахши додгоҳӣ"-и Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки роҳбари пешини шуъбаи ислоҳоти додгоҳӣ ва қонунияти дастгоҳи президент Манас Арабоев боздошт шудааст.

Ба иттилои кумита, боздошти вай дар доираи парвандаи ғасби худсаронаи иншооти соҳибкории сармоягузорони хориҷӣ сурат гирифтааст. Манас Арабаев бо моддаи "фасодкорӣ" гумонбар мешавад. Мақомот ӯро 2 июн боздошт ва ба боздоштгоҳи КДАМ фиристоданд.

Замони президентии Алмосбек Отамбоев гуфта мешуд, ки Манас Арабоев низоми додгоҳиро назорат мекунад.

Аммо моҳи июли соли 2018 додситонии кулли Қирғизистон баъди омӯзиши эҳтимоли дахолати Арабоев ба низоми додгоҳӣ, аз кушодани парванда худдорӣ кард. Тафтишот ҷой доштани ҷиноятро ошкор накард.

XS
SM
MD
LG