Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон қимати газу барқ боло нарафт


Қимати газ ва барқ дар Ӯзбекистон аз 1 июн гарон нашуд. Ин дар ҳолест, ки пештар аз гароншавии он хабар расида буд.

Нашрияи "Сухани халқ" 3 июн хабар дод, девони вазирони он кишвар 31 майи соли 2019 қарори содагардонии гузариш ба низоми бозорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои сӯхтро қабул кард.

Зимнан қарори боло бурдани қимати газ ва барқ аз 1 июни соли 2019 бекор шуд. Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки 1 киловатт неруи барқ аз 250 сӯми кунунӣ ба 280 сӯм ва як метри мукааб газ аз 320 сӯми кунунӣ ба 350 сӯм боло бурда мешавад.

Бори охир дар Ӯзбекистон тарофаҳо моҳи ноябри соли 2018 гарон шуда буданд. Он замон якбора бензин, маводи сӯхти дизелӣ, неруи барқ, газ, оби гарм ва низоми гармидиҳӣ боло рафта буд.

XS
SM
MD
LG