Ссылки доступа

Кристиан Ласслет: дар Ӯзбекистон 67 ширкат ба шаҳрдори Тошканд рабт дорад


Кристиан Ласслет, муаллифи китоби фасодкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Аврупо 30 май таҳқиқоти нави худро нашр кард, ки ба фазои тиҷории имрӯзаи Ӯзбекистон ва фарқи он аз даврони президенти пешин Ислом Каримов бахшида шудааст.

Ҳадафи ин таҳқиқот шаҳрдори кунунии пойтахти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев қарор гирифтааст. "Дар асл таҳқиқоти мо ба раванди ислоҳот дар Ӯзбекистон бахшида шудааст. Вале мо ҳадаф шаҳрдор Ортиқхоҷаевро қарор додем, то муайян созем, ки ҳукумати Ӯзбекистон то куҷо аз таҷрибаҳои даврони пешин даст кашидааст ва Ортиқхоҷаевро низ барои он интихоб кардем, ки ӯ на танҳо чеҳраи бонуфузи сиёсӣ, балки соҳиби тиҷорати бузурге низ ҳаст", - мегӯяд Кристиан Ласслет.

Лассет дар таҳқиқоташ тарҳи бузурги "Tashkent City"-ро ҳамчун яке аз намунаҳо зикр кардааст. "Маълум шуд, ширкати марбут ба Ортиқхоҷеав -- Akfa Group дар тарҳи мазкур нақши калидиро бозида, аз манфиатҳои бузург бархурдор аст", - афзудааст муаллиф.

"Дар рафти омӯзиши асноди 67 ширкате, ки дар Ӯзбекистон сабти номанд, маълум шуд, ҳамаи онҳо ба гуруҳи Akfa-Artel рабт доранд. Дасти кам соҳибони 18 тоашон ширкатҳои оффшорие ҳастанд, ки дар Бритониё ва Сингапур ба қайд гирифта шудаанд. Аброр Ғаниев раҳбар ва Исмоил Исроилов мудири ширкатҳои Akfa-Artel мебошанд. Ширкати зери раҳбарии Ортиқхоҷаев ҳамзамон саҳмияҳои даҳҳо ширкати дигарро дар ихтиёр дорад. Мо аз Ғаниев ва Исроилов ба тариқи нома суол кардем, ки оё воқеан молики ширкатҳои мазкур онҳо ҳастанд? Вале ба суоли худ посух нагирифтем. Ширкатҳои мазкур барои пинҳон доштани номи соҳибони воқеии худ аз нақшаи оффшорӣ истифода мебаранд. Бинобар ин, мо ба молики саҳмияҳои бузургтарин ширкатҳои Ӯзбекистон будани Ғаниев ва Исроилов шубҳа дорем. ​Онҳоро танҳо ба хотири пинҳон доштани моликони асосӣ интихоб кардаанд", - омадааст дар таҳқиқот.

"То чанде пеш мо дар Ӯзбекистон медидем, ки соҳибони асосии ширкатҳои бузургро пинҳон мекарданд. Имрӯз мо фаҳмидем, ки онҳо ба шахсони бонуфуз дар раҳбарияти Ӯзбекистон тааллуқ доштаанд ва соҳибони онҳо бо истифода аз мақомҳои давлатии худ дороии давлат ва мардуми Ӯзбекистонро ғорат карданд. Ҳоло мехоҳем, фаҳмем, ки ҳукумати Шавкат Мирзиёев аз таҷрибаҳои пешин то куҷо даст кашидааст. Агар ҳукуматдорони кунунӣ бо роҳи Гулнора Каримова рафтанӣ бошанд, ба онҳо ҳушдор доданӣ ҳастем, ки ин кор ҳам барои онҳо ва ҳам барои иқтисоди Ӯзбекистон фоҷеае хоҳад овард", - гуфтааст Ласслет.

"Мо тавонистем муайян кунем, ки зертобеони Ортиқхоҷаев молики ширкатҳои боқӣ ҳастанд. Пас аз он ки мо ин маълумотро ифшо кардем, Ортиқхоҷаев саҳмияи ширкатҳоро аз номи худ ба номи наздикону пайвандонаш гузаронд. Инро исбот карда метавонем. Дар ин раванд бозигари асосӣ ҳукумати Ӯзбекистон аст. Ҳукумат санадҳоеро дорад, ки дар онҳо соҳибони асосии ширкатҳо оварда шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ҳукумати Ӯзбекистон соҳибони ширкатҳоро барои ҷомеа эълом хоҳад кард, ё не", - хулоса кардааст Кристиан Ласслет.

XS
SM
MD
LG