Ссылки доступа

Наздикони муҳоҷирон: "Ба мо рублҳоямонро диҳед!" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сели харобиовар дар Гулистон. Дар як ҳафтаи ахир дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ду бор сел омад ва даҳҳо хона зери обу лой монд. Замони навор бардоштани мо, ки баъди ҳодиса буд, кормандони нерӯҳои имдодии давлат мушоҳида намешуданд. Ҳар кас бо нерӯи худ оқибатҳои селро бартараф мекард. (видео)

- Наздикони муҳоҷирон: "Ба мо рублҳоямонро диҳед!". Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, бонкҳои Тоҷикистон рублҳои фиристодаи онҳоро бо қурби паст ба сомонӣ иваз карда, ба наздиконашон медиҳанд. Ба ҳисоби миёна як муҳоҷири корӣ аз ҳазор рубли фиристодааш 3 сомонӣ зиён мебинад. (видео)

- Мушкили коркарди партов дар Тоҷикистон. Партовгоҳи канори шаҳри Душанбе бузургтарин партовгоҳ дар Тоҷикистон аст. Чиҳил сол аст, ки ҳар рӯз ба инҷо ҳазорон тонна партов меоранд. Ба гуфтаи кормандон, агар зарфҳои пластикии инҷоро дубора коркард кунанд, барои эҳтиёҷи даҳсолаи кишвар кофист, вале касе ба ин кор ҷиддӣ машғул намешавад. (видео)

- Осиё: занозанӣ дар Рамазон. Дар яке аз деҳаҳои Қирғизистон ҳангоми адои намози ид занозанаии гуруҳӣ сурат гирифт. Дар Қазоқистон танҳо ба як созмони ҷонибдори мақомот иҷозат доданд, ки назарпурсии пешазинтихоботиеро анҷом диҳад. Дар Осиёи Марказӣ ба поён расидани моҳи Рамазонро ҷашн мегиранд. (видеои Настоящее время)

- Поёни қаҳвахонаи "Дидор" дар Душанбе. Мақомоти шаҳри Душанбе ба тахриби боз як қаҳвахона дар пойтахт дасту остин барзадаанд. Онҳо гуфтанд, моликони қаҳвахонаи "Дидор" дар маҳаллаи "Воданасос" барои фаъолият санади зарурӣ надоранд ва бинои он худсарона сохта шудааст (видео)

- "Мошинаки маро дида натавонистанд" Нахустин шумораи Озодӣ Онлайн.Нахустин барномаи “Озодӣ Онлайн” аст. Барнома барои дарди дил кардан ва расонидани назару андешаҳои Шумо ба ҷомеа ва ба қавле ба “боло” (видео)

- Иди Фитр дар Тоҷикистон. Аз намози дастҷамъӣ то идгардак (видео)

- Орзуҳои идонаи мардум: Мехоҳам, падарам баргардад. Хабарнигорон дар остонаи Иди Рамазон аз чанд хурду бузург дар Душанбе пурсиданд, ки дар ид чӣ орзу доранд. Яке ба мардум хушбахтӣ хост, дигаре бозгашти падарро орзу кард (видео)

- Сел дар Панҷакент ду бародарро кушт. Дар натиҷаи обхезӣ дар Панҷакент ду нафар ба ҳалокат расиданд ва чанд нафар ҷароҳат бардоштанд (видео)

- Осиё: "худсарии додгоҳӣ" ва поёни Рамазон. Зиндониёнро аз маҳбаси Хуҷанд ба ҷои дигар бурданд - хешовандон дар ин бора огоҳ нашуданд. Дар Қазоқистон зидди "худсарии додгоҳӣ" эътирозҳо идома доранд (видеои Настоящее время)

- Намози ид дар рӯи роҳи трамвай. Даҳҳо ҳазор мусалмон барои адои намоз ба Масҷиди ҷомеи Москва омаданд. Мақомоти шаҳрӣ ҳаракати нақлиётро дар атрофи масҷид манъ карданд. Бештари намозгузорон рӯи роҳи трамвай адои намоз карданд (видео аз Директ)​

- Чӣ сабаби занозанӣ дар деҳаи Орок шуд? Вазъ дар деҳаи Ороки поини Қирғизистон дубора муътадил гашт. Ба иттилои пулис, 25-30 кас ба шуъба бурда шуданд. (видео)

- Хонаводаи серфарзанд 5 рӯз аст, дар кӯча мебошад. Дар пойтахти Қазоқистон як зан бо чаҳор фарзанди худ дар кӯча мондааст. Зан дар натиҷаи даромади кам ба даст овардан маҷбур шудааст, манзили иҷораашро бисупорад. (видео)

- Владимир Зеленский – дар бораи €500 млн, Саакашвилӣ ва Донбасс. Суҳбати Настоящее Время. (видео)

- Нозирон маъракаи интихоботии Қазоқистонро чи гуна баҳо медиҳанд?Маъракаи рақобати интихоботи президентӣ дар Қазоқистон ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Комисияи интихоботӣ аз анҷоми сабти номи нозирони хориҷӣ хабар дод (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG