Ссылки доступа

Муовини вазири маорифи Қазоқистон ба ҳабс гирифта шуд


Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон муовини пешини вазири маориф ва илми ин кишвар Элмира Суханбердиеваро барои ду моҳ, то 2 август ба ҳабс гирифт.

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон 5 июн хабар дод, ки зидди муовини пешини вазири маориф парванда боз кард. Вале ному насаби гумонбар ва ҷузъиёти парвандаро ифшо накард.

Хадамот моҳи гузашта аз оғози тафтишот зидди раҳбари Маркази миллии тестии Қазоқистон Рамазон Олимқулов низ хабар дода буд.

Элмира Суханбердиеваи 47-сола то таъйин шуданаш ба вазифаи муовинии вазир чандин сол мудири маорифи пойтахти Қазоқистон буд. Солҳои 2007 ва 2009 дар вазифаҳои раҳбарӣ дар ширкати радио ва телевизиони "Қазоқистон" кор кардааст.

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев моҳи май гуфта буд, "раҳбарони ниҳодҳои давлатие, ки ба фасодкорӣ айбдор мешаванд, бояд аз мақоми худ истеъфо диҳанд".

XS
SM
MD
LG