Ссылки доступа

Фаъолияти пинҳонии сартарош ва устоҳои холкӯбӣ дар Ишқобод


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон сартарош ва устоҳои холкӯбӣ пас аз таъқибҳои ахир ба фаъолияти пинҳонӣ гузаштаанд. Бештари онҳо дар ҳоли ҳозир дар хонаҳо кор мекунанд, иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

"Бештари сартарошу устоҳои холкӯбӣ, ки кошонаҳояшон баста шуданд, дар манзилҳои иҷора корро идома медиҳанд", - афзуд хабарнигор.

Ҳамчунин эълонҳо дар бораи ироаи хадамоти мазкур бештар шудааст. "Ин гуна эъломҳоро дар даромадгоҳҳои биноҳо дидан мумкин аст. Шахсан ман онҳоро пеш надида будам", - мегӯяд рӯзноманигор.

Бастани кошонаву сартарошхонаҳо дар пойтахти Туркманистон охирҳои моҳи май оғоз шуд. Соҳибони сартарошхона, кошонаҳои ҳусн ва утоқҳои масҳгарӣ гуфтанд, ки ба иллати тамдид нашудани иҷозатномаи корашон фаъолиятро маҷбуранд қатъ кунанд. Ин марказҳо бештар дар хиёбонҳои марказии Ишқобод ҷойгир буданд.

Ба гуфтаи хабарнигори радио, ҳоло қарор аст, ба ҷои онҳо фурӯшгоҳҳои ғизо ба фаъолият оғоз кунанд.

Дар пайи баста шудани сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн дар пойтахти Туркманистон таъқиби устоҳои холкӯбӣ низ оғоз шудааст. Пулиси Ишқобод аз нимаи дувуми моҳи май ҳамаи сокинонеро, ки дар баданашон холкӯбӣ аст, боздошт ва ному маҳали зисти устоҳоро мепурсанд.

XS
SM
MD
LG