Ссылки доступа

Ӯзбекистону Қирғизистон ҷорӣ кардани визаи ягонаро баррасӣ доранд


Дар шаҳри Ӯш II ҷаласаи комиссияи байнипорлумонии Қирғизистону Ӯзбекистон ҷараён дорад. Аз ҷониби Ӯзбекистон дар ин нишаст ҳайати Маҷлиси олии он кишвар иштирок дорад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, роҳандозии низоми ягонаи раводид (виза) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз мавзуъҳое буд, ки дар ҷаласа баррасӣ шуд.

Ӯзбекистону Қазоқистон ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон тасмим доштанд, ки низоми ҳамсон ба раводи Шенген - Silk Visa-ро ҷорӣ кунанд.

Вале он ба таъхир афтод. Иҷрокунандаи муовини аввали раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев гуфт, низоми мазкур барои он ҷорӣ нашуд, ки мавқеи ду кишвар дар робита ба низоми бидуни раводид бо кишварҳои дигар гуногун аст.

Коршиносон гуфтанд, як масъалаи дигар арзиши виза аст. "Қазоқистон як нархгузориро муайян кардааст, мо нархи дигарро. Мо бояд инро мувофиқа кунем. Аз ҳамин хотир, ҳоло мо ин ҷузъиётро мувофиқа дорем", - афзуд Қосимхоҷаев.

Пештар хабар дода буданд, ки Қирғизистону Тоҷикистон низ омодаанд, ба тарҳи Silk Visa пайванданд ва Туркманистон дар ин замина фикр дорад. Имкони пайвастани Озарбойҷону Туркия низ дар оянда баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG