Ссылки доступа

Изи мухаддирот дар таркиби хуни хабарнигор Иван Голунов пайдо нашуд


Ташхиси тиббӣ нишон дод, ки дар таркиби хуни хабарнигори сомонаи "Медуза" Иван Голунов маводи мухаддир мавҷуд нест. Дар ин бора мутахассиси вазорати тандурустии Русия Евгений Брюн дар барномаи "Вести недели"-и телевизиони Россия 1 хабар дод.

Кимиёшиносон ҳамчунин маводеро ташхис доданд, ки гӯиё аз борхалта ва манзили Голунов пайдо шудааст. Ин мавод кокаин ва N-метилэфедрон будааст.

Иван Голуновро 6 июн дастгир карданд ва ӯ ба фурӯши “миқдори зиёд”-и маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Барои ин ҷиноят дар Русия аз 10 то ба 20 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Голунов мегӯяд, ки ҳеҷ гуноҳе надорад ва иттиҳомот ба зидди ӯ бофтаву сохта аст ва мақомот мехоҳанд, ба ин васила аз ӯ барои гузоришҳояш дар бораи фасоду ришвахорӣ дар байни раҳбарони баландпоя ниқор бигиранд.

Бар асоси амри додгоҳи ноҳияи Никулино, Иван Голунов бояд то 8-уми август дар ҳабси хонагӣ бимонад. Хабарнигори вебсайти Медуза, ки дар Латвия қароргоҳ дорад, дар маркази Москва дастгир шуд. Мақомот мегӯянд, аз ӯ чанд баста маводи мамнуи мефедрон гирифтанд.

Расонаҳои давлатии Русия рӯзи аввал дар бораи парвандаи Голунов хабаре нашр накарданд. Аммо 8 июн ба нашри мавқеи тафтишот шуруъ карданд. Шаби якшанбе шубҳа дар атрофи иттилои расмӣ бештар шуд ва ровиҳои барномаҳои якшанбеӣ низ ин мавзуъро ба баҳс кашиданд. "Агар маводи мухаддире мавҷуд буд ва далелҳои радношаванда ҷо дорад, пас бояд онҳоро пешниҳод кард. Вале агар чунин далеле мавҷуд нест, пас онҳоеро бояд ҷавобгар кард, ки чунин сохтакорӣ кардаанд", - гуфт ровии барномаи "Хулосаи ҳафта" дар шабакаи НТВ Ирада Зейналова.

XS
SM
MD
LG