Ссылки доступа

Нозирони САҲА аз қонуншиканиҳо дар интихоботи Қазоқистон хабар доданд


Нозирони маъмурияти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гуфтанд, интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон бо нақзи озодиҳои асосӣ ва меъёрҳои демократӣ баргузор шуд.

Онҳо рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфтанд, маъракаи интихоботии Қазоқистон дар шароите баргузор шуд, ки дар он ҳизби ҳоким бартарӣ дошт ва дар рӯзи раъйдиҳӣ қонуншиканиҳое мушоҳида шуданд, ки шаффофияти шумориши овозҳоро зери шубҳа қарор доданд. Нозирон ҳамчунин афзуданд, ки дар рӯзи интихобот иштирокдорони ҳамоишҳои эътирозӣ ва рӯзноманигорон боздошт карда шуданд.

Президенти тозаинтихоби Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар посух ба гузориши намояндагони САҲА гуфт, ба назари нозирони созмон "бархӯрди оромона дорад". "Ман муовини президенти Ассамблеяи порлумонии САҲА будам ва ин созмонро хуб мешиносам ва медонам, ки гузоришҳои он чи гуна омода мешаванд. Бинобар ин, ба он бархӯрди оромона дорам", - афзуд Тоқаев дар як нишаст дар шаҳри Нурсултон.

Тоқаев дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато дар рӯзи интихобот - 9 июн аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид. Вай гуфт, "озодии баён дар Қазоқистон комилан мавҷуд аст".

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, 9 июн дар Алмато ва Нурсултон наздики 500 одам боздошт шуд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, пулис дар шаҳри Алмато қариб 400 одамро боздошт кардааст.

Комисияи марказии интихоботӣ хабар дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи рӯзи 9 июн пирӯз шудааст. Ба иттилои расмӣ, ба ҷонибдорӣ аз вай 70,76 дарсади интихобкунандагон раъй додаанд.

Маъракаи раъйдиҳии 9 июн дар таърихи навини Қазоқистон чаҳорумин интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ аст. Дар 30 сол бори нахуст аст, ки интихоботи президентии ин кишвар бе ҳузури Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG