Ссылки доступа

"Аз инҷо об мебаранд, ки соҳиби фарзанд шаванд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Маъмурияти САҲА гуфт, ба озодиҳои асосӣ эҳтиром гузошта намешавад. Бо назардошти эҳтиром нагузоштан ба озодиҳои асосӣ ва қонуншикании бешумор дар рафти раъйдиҳӣ эҳтимоли амалисозии ислоҳоти сиёсӣ хеле кам шуд (видео)

- Даҳҳо нафар дар Душанбе "тазоҳурот" карданд. Бино ба гузоришҳо, субҳи 10-уми июн даҳҳо нафар дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Душанбе тазоҳурот ва талаб карданд, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик озод карда нашавад. Иттиҳоди Аврупо гуфт, ба ҳаққи шаҳрвандон ва озодии баён арҷ мегузорад (видео)

- "Аз инҷо об мебаранд, ки соҳиби фарзанд шаванд". "Чилучорчашма" дар ноҳияи Шаҳритус яке аз зиёратгоҳҳои диданӣ дар Тоҷикистон аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба инҷо рафт ва бо мардуме гуфтӯгу кард, ки бо талаби муроде ба инҷо меоянд (видео)

- Ширинкоре, ки мехоҳад "табиб" бошад. Марат Боймамадов ширинкори сирк аст. Ҳар рӯи саҳна омаданаш, чун рӯзи аввал аст. Марат мехоҳад ба ӯ ҳақ бидиҳанд, ширинкори бемористон бошад. Чунки, ба пиндори ӯ, ханда дардро сабук мекунад (видео)

- Искандар Усмонов: "Нигоҳро бояд тоза кунем". Таъсиси "Мактаби таҷрибавии синамои кӯдакона" -ро шаш моҳ мешавад. Мактабро моҳи январи соли 2019 дар маркази фарҳангии "Бохтар" боз карданд. Искандар Усмонов филмсози тоҷик дар бораи марказ гуфт ва дар бораи он ки чӣ гуна "Мо бисёр чизҳоро аз даст додаем" (видео)

- "Бо сари хам мегӯям, як рӯз не як рӯз ин заминро холӣ мекунам". Агарчӣ солона ҳазорон сокини деҳот бо умеди зиндагии беҳтар ба Душанбе кӯч мебанданд, орзуи рӯзгори осуда ба осонӣ даст намедиҳад ва даҳҳо мушкилро ба дунбол дорад (видео)

- Осиё: Қазоқистон пас аз интихобот. Ба иттилои КМИ, Қосимҷомарт Тоқаев бо касби 71%-и раъйи мардум президенти дувуми Қазоқистон шуд. Нозирони байналмилалӣ мақомоти қазоқро барои қонуншикании бешумор танқид мекунанд ва мухолифон бовар доранд, ки натиҷаи интихобот дасткорӣ шудааст. (видеои Настоящее время)​

- Раҳбари ҳаракати мамнуи "Интихоби Қазоқистон" Мухтор Аблязов дар бораи тазоҳуротҳои ахир. (видеои Настоящее время)

- Зани севуми ӯзбек аз Чин ба ватан баргардонида шуд. (видео)

- Дар Қазоқистон боздошти эътирозгарони натиҷаи интихобот идома дорад. (видеои Настоящее время)​

- Рӯзи баъд аз интихобот: боздоштҳои нав (нигористон)

- Чораҳои шадиди амниятӣ ва боздоштҳои дастаҷамъӣ (нигористон)​

- Дар Хабаровск писарбачаи тоҷик дӯсташро аз марг наҷот дод (видео)

- Вокуниши расонаҳои Русия дар бораи филми "Чернобил" (видео аз Директ)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG