Ссылки доступа

Дар эътирозҳои Қазоқистон дар ду рӯз 700 касро боздошт кардаанд


Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Кожаев гуфт, "ҳудуди 200 тани онҳо"-еро, ки 9 июн дар натиҷаи эътирозҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Нурсултон боздошт шуда буданд, ба вилоятҳои Акмолин ва Қарағанда интиқол доданд.

Ба гуфтаи Кожаев, ин тасмим ба хотири камии ҷой дар боздоштгоҳҳои пойтахти Қазоқистон гирифта шудааст. Ӯ афзуд, ки боздоштшудаҳо бо қарори додгоҳи Нурсултон ба ҳабс гирифта шуданд, вале нагуфт, ки муҳлати ҷазояшонро дар куҷо адо мекунанд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ чанде пеш хабар дода буд, ки иштирокдорони боздоштшудаи эътирозҳои ахирро аз пойтахти Қазоқистон мебароранд. Вакилони дифоъ ва фаъолони маданӣ низ пештар дар ин бора хабар дода буданд.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон 11 июн хабар дод, ки дар ҳамоишҳои эътирозии Алмато ва Нурсултон рӯзи 10 июн "ҳудуди 200 кас" боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол дода шуданд. "Рӯзи якум дар ду шаҳр 500 кас боздошт ва 400 нафарашон ҷарима шуданд. Рӯзи дувум аз 200 нафари боздоштшуда 150 танашон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд", - изҳор дошт намояндаи расмии вазорат Нурдилда Ораз.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки 9 июн баргузор шуд, бо эътирози дастаҷамъии сокинон ва боздошти садҳо нафар анҷомид. Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато боздоштҳо то 10 июн низ идома ёфта, рӯзи эъломи натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппа низ боздоштҳо сурат гирифтанд.

Тоқаев пас аз эъломи натиҷаҳои интихобот дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии Нурсултон ва Алмато аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид.

XS
SM
MD
LG