Ссылки доступа

Омадани "Алибобо" ба Тоҷикистон тоҷиронро нигарон кардааст


"Ali Express" – фурӯшгоҳи бузурги интернетии Чин – ният дорад, ки дар Тоҷикистон дафтари худро боз карда, савдои молҳои ин кишварро густариш диҳад. Ин фурӯшгоҳ ҷузъе аз ширкати бузурги "Alibaba Group"-и Чин аст.

Рики Сюэ, сардори раёсати боркашонии байналмилалии "Ali Express" охири ҳафтаи гузашта дар нишасти иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гуфтааст, Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофии худ аз ҷиҳати боркашонӣ барои ин ширкат ҷолиб аст.

Маъмурияти "Ali Express" айни замон чанд интихоби ҳамкориро бо Тоҷикистон баррасӣ доштааст. Ин ширкат ният дорад, дар Тоҷикистон барои нигоҳдории молҳо низ анбор ташкил кунад.

Рики Сюэ гуфтааст, фурӯшгоҳи интернетии "Ali Express" дар Тоҷикистон чандон муштарии зиёд надорад. Ба гуфтаи ӯ, кори номӯътадили интернет ва нархи гарони он ва ҳамчунон корти бонкиву ҳамёни электронӣ надоштани сокинон боис шудааст, ки онҳо аз мағозаҳои онлайнӣ кам истифода кунанд.

Вале ба таъкиди Сюэ, вақте намояндагии ширкат дар Тоҷикистон боз шуд, савдои онлайнӣ густариш меёбад. Бо вуҷуди он ки маъмурони "Ali Express" аз кам будани муштарӣ аз Тоҷикистон мегӯянд, ин мағозаи онлайнӣ ба фарқ аз чанд рақиби тоҷикаш муваффақтар аст.

Айни замон ширкати давлатии “Почтаи тоҷик” бо "Ali Express" шартномаи хос дорад ва молҳои аз тариқи ин фурӯшгоҳ дархостшударо ба соҳибонаш ба ивази ҳамагӣ 14 сомонӣ (беш аз 1 доллар) дастрас мекунад.

Ин ширкати азими Чин бо ифтитоҳи дафтари худ дар Тоҷикистон метавонад дар рақобат натанҳо бо чанд фурӯшгоҳи хурди онлайнӣ пирӯз ояд, балки тиҷорати тоҷирони хурду миёнаро низ касод кунад. Чун бе ин ҳам бозорҳои Тоҷикистон моломоли маҳсулоти Чин аст ва омадани ширкати азиме мисли "Ali Express" ин равандро метезонад.

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик рӯзи 11-уми июн гуфт, чун "Ali Express" молро мустақим аз тавлидкунанда ба харидор мерасонад, табиист, ки нархи мол арзонтар хоҳад буд. "Бубинед, як тоҷири тоҷик барои он ки молро фурӯшад, дӯкон ба иҷора мегирад ва ё бино мехарад. Чандин харҷи дигар дорад, ки "Ali Express" бидуни он молро ба муштарӣ мерасонад. Албатта, нархи он арзонтар мешавад ва муштариён онро интихоб мекунанд. Ба назари ман, дар бозори телефонҳои мобил, дигар ашёву асбоби электронӣ "Ali Express" метавонад ҷойи тоҷирони тоҷикро дар бозор танг кунад", -- гуфт Умаров.

Фурӯшгоҳи онлайнии "Ali Express" ҷузъе аз ширкати бузурги "Alibaba Group"-и Чин аст. "Alibaba Group" як майдони тиҷорати электронӣ аст, ки соли 1999 аз сӯи як шаҳрванди Чин Ҷек Ма, ки он замон муаллими забони англисӣ буд, таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG