Ссылки доступа

Дар Тошканд рамзи шаҳр - фаввораи беш аз 50-соларо тахриб карданд (видео)


Дар шаҳри Тошканд яке аз маъруфтарин рамзи шаҳр - фаввора дар майдони Истиқлоли пойтахти Ӯзбекистонро тахриб карданд. Яке аз мансабдороне, ки дар тахриби фаввора иштирок дошт, гуфт, он бо дастури шаҳрдори пойтахти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев тахриб карда шуд.

Ба гуфтаи раҳбари Корхонаи таъмири фаввораҳои Тошканд, мақомоти маҳаллӣ дар аввал тасмим доштанд, ки фаввораи мазкурро бозсозӣ кунанд, вале дертар аз фикри худ гаштанд. "Ин фаввора ягон нуқс надошт. Танҳо баъзе аз қисмҳои хурди онро ба қисмҳои мисин бояд иваз мекарданд ва ба мисли пешин кор мекард", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мутахассисоне, ки бо таъмири фаввораҳо машғуланд, дар назди бинои Девони вазирони Ӯзбекистон ба ҷои фаввораи тахрибшуда барои хидматчиёни давлатӣ таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мекунанд.

Муҷассамасози маъруф Петр Анненков шаҳрдори Тошкандро, ки ба тахриби фаввора дастур додааст, "ҷоҳил ва бераҳм" номид. "Он симо ва корти шиносоии Тошканд буд. Ин фаввора як таърих аст ва шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шудааст. Ҳар як ӯзбекистонӣ ҳодисаеро дар ёд дорад, ки марбут ба фаввора аст. Дар 30 соли ахир биное бунёд нашудааст, ки рамзи Тошканд шуда бошад", - изҳор дошт Анненков.

Шаҳрдории Тошканд пас аз нашри хабарҳо дар бораи тахриби рамзи шаҳр гуфт, фаввора таъмир карда мешавад. "Фаввора аз замони бунёдаш то ба ҳол (зиёда аз 50 сол) боре таъмир нашудааст. Интизор меравад, он то охири сол дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Тошканд.

XS
SM
MD
LG