Ссылки доступа

Меҳмонҳои баландпоя меоянд, дарвозаҳои Душанберо "мебанданд" (видео)


Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё омода мешавад.

Омодагие, ки сокинони Душанбе ба он чандон одат накардаанд. Ҳоло аксаран дар кӯчаҳои марказии шаҳр парчамҳои даҳҳо кишварро меовезанд, бошитоб гул мешинонанду поккорӣ мекунанд.

Дар рӯзҳои нишаст, бо ҳадафи таъмини амният, мақомот ба кормандони фурӯшгоҳҳои бузург ва бозорҳо дастур додаанд, рӯзҳои 14 ва 15-уми июн дарҳои худро банданд. Далер - фӯрушандаи маркази тиҷоратии "Садбарг" гуфт, огаҳӣ гирифтанд, ки дар ин рӯзҳо ба кор наоянд: «Гуфтанд меҳмон меояд, президентҳои чанд кишвар, барои ҳамин ҳамаҷоро маҳкам мекунанд.»

Тамоми донишгоҳҳо, ки мавсими имтиҳонсупорӣ доранд, ду рӯз истироҳат хоҳанд кард. Мақомоти интизомӣ аз сокинони ноҳияҳо хостаанд, дар рӯзҳои баргузории нишаст бе зарурат ба Душанбе наоянд, то саргардон нашаванд. Раёсати умури дохилии Душанбе бо нашри як огаҳии расмӣ гуфт, ба сабаби баргузории нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё чанд роҳи марказии Душанбе як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ баста мешавад.

Большая часть Душанбе будет перекрыта в дни саммита по Азии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:15 0:00

Айни замон аз сокинони пойтахт хоста шудааст, ки дар ин ду рӯз бо мошин ба ҷойи кор, ё дигар маҳал нараванд ва аз нақлиёти умумӣ истифода баранд. Баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ аз он изҳори ҳайрат мекунанд, ки чӣ гуна нишасте сабаби ба қавли онҳо "мутаввақиф шудани зиндагӣ" мегардад. Дӯстмуҳамад Хоҷаев як сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, умедвор аст, мақомот роҳҳои дигарро боз мегузоранд, то ҳаракати нақлиёт дар Душанбе фалаҷ нашавад ва мардум ба ҷойи кор бирасанду аз пайи корашон бошанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мумкин аст, раҳбарони Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Эроқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Русия, Тайиланд, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат кунанд.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, ки ҳангоми сайругашт дар хиёбонҳо бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт дар ин нишаст ҳайатҳои баландпоя барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Осиё иқдом мекунанд, аммо муҳимтар аз ҳама сафари президенти Эрон аст. Ба қавли ӯ, мумкин аст, ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шавад ва дар ислоҳи робитаҳо мусоидат кунад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё форуми байнулмилалӣ буда, соли 1992 бо пешниҳоди Қазоқистон таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз ҷамъ омадани раҳбарон фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё гуфта мешавад.

Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

XS
SM
MD
LG