Ссылки доступа

Шикояти кормандони "Coca-Cola Türkmenistan": маошамонро намедиҳанд


Корхонаи истеҳсолии "Coca-Cola" дар Туркманистон то ҳол фаъолият намекунад ва кормандонаш шикоят доранд, ки наметавонанд маоши худро дарёфт кунанд.

Бахши туркмании Радиои Озод дар ҳоли ҳозир талош дорад, назари намояндагони ширкати туркии "Coca-Cola İçecek"-ро, ки молики корхонаи "Coca-Cola Turkmenistan" аст, дар ин замина дарёфт кунад.

Фаъолияти "Coca-Cola Türkmenistan" дар Туркманистон моҳи декабри соли 2017 қатъ шуд. Он замон чандин манбаъ дар суҳбат бо радио гуфтанд, ки ширкат ҳамчунин як қисми коргаронашро ҷавоб додааст.

Намояндаи "Coca-Cola İçecek" Александра Аккирман 5 декабри соли 2017 дар суҳбат бо Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба иллати пеш омадани мушкили табодули асъор маҷбур шуданд, истеҳсоли нӯшокии "Coca-cola"-ро дар Туркманистон қатъ кунанд. Вале ба гуфтаи ӯ, кори ширкат ба пуррагӣ қатъ нахоҳад шуд.

Раҳбари намояндагии "Coca-cola" дар Туркманистон Гектуг Гёзиток моҳи феврали соли 2019 даргузашт. Ба иттилои радио, шаҳрванди 50-солаи Туркия худкушӣ кардааст. Бино ба баъзе маълумот, Гектуг Гёзиток​ дар робита ба фаъолияти ширкат бо мушкили молӣ рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG