Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон либоси ягонаи мактабиро ҳатмӣ намекунанд


Шерзод Шерматов, вазири маорифи халқии Ӯзбекистон гуфт, либоси ягонаи мактабӣ дар соли хониши 2019-2020 ҷорӣ намешавад.

Ба гуфтаи вазир, истеҳсоли либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагони аз синфи 1 то 11 харҷи зиёд хоҳад дошт. Саноати нассоҷии Ӯзбекистон, эҳтимол, аз уҳдаи духтани либос намебарояд.

Саида Мирзиёева, духтари президенти Ӯзбекистон ҳам пештар аз ин дар саҳифаи Facebook назари ҳамсон баён карда буд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пештар вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон ба волидон ёдовар шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ дар соли хониши 2019-2020 ҳатмӣ мешавад. Девони вазирони Ӯзбекистон 15 августи соли 2018 дар бораи либоси ягонаи мактабӣ қарор қабул карда буд.

XS
SM
MD
LG