Ссылки доступа

Беш аз 40 вакили порлумон лағви дахлнопазирии Отамбоевро ҷонибдорӣ карданд


Дар порлумони Қирғизистон бештар аз 40 вакил ба ҷонибдорӣ аз бекорсозии дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев раъй доданд. Дар ин бора вакили порлумон Канат Исоев дар ҷаласаи рӯзи 12 июн хабар дод.

Вай аз раиси порлумон Достон Ҷумабеков хост, ки муроҷиати вакилонро ба кумитаҳои дахлдори порлумон ирсол кунад.

Отамбоев дар як ҷамъомад рӯзи 8 июн аз фаъолиятҳои порлумон интиқод кард. Президенти пешин гуфт, омода аст, 10 ҳазор одамро ҷамъ орад ва ҳамаро аз Кохи сафед биронад. Чанде аз вакилони порлумон дар ҷаласаи рӯзи 12 июн ба интиқодҳои Отамбоев посух доданд. Исо Омурқулов, вакили порлумон гуфт, Отамбоев мебояд "хомӯш нишинад".

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон 16 май қонунеро имзо кард, ки усули ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани президентҳои пешинро фароҳам меорад. Акнун президентҳои пешини Қирғизистон ҳаққи дахлнопазирии мутлақро надоранд, аммо барои ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани онҳо порлумон бояд айб эълом ва додситонии кул онро бояд тасдиқ кунад.

Дар Қирғизистон Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев президентҳои пешин шинохта мешаванд. Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев баъди инқилобҳои мардумӣ аз қудрат ронда шуданд ва расман президенти пешин эътироф намешаванд.

XS
SM
MD
LG