Ссылки доступа

Ҳамлагари масҷиди Зеландияи Нав айбҳои эъломшударо рад кард


Брентон Таррант, сокини Австралия, ки ба масҷиде дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла карда буд, айбҳои нисбаташ эъломшударо эътироф намекунад.

Расонаҳои Зеландияи Нав навиштанд, ки вакили мудофеи вай дар додгоҳ дар ин бора изҳорот додааст. Худи Таррант ба ҷараёни ҷаласаи додгоҳӣ тариқи алоқаи видеоӣ аз маҳбас назорат мекард.

Додгоҳ гуфт, ду ташхиси тиббӣ мушаххас кард, ки Таррант ҳеч бемории равоние надорад.

Муҳокимаи парвандаи вай моҳи майи соли 2020 шуруъ мешавад.

Брентон Тарранти 28-сола дар анҷоми амали террористӣ, куштори 51 одам ва сӯиқасд ба ҷони 40 тани дигар айбдор мешавад.

Таррант 15 марти соли ҷорӣ сӯи намозгузорони як масҷиди шаҳри Крайстчёрт аз силоҳ тир андохт. Вай аз ҷои ҳодиса фирор карда, ба масҷиди дигар ҳамла бурд. Таррант ин амалашро мустақиман дар Facebook нашр мекард.

Мақомоти Зеландияи Нав гуфтанд, ки Брентон Таррант аз силоҳе истифода кардааст, ки қонунӣ ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG