Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато шиори "Президенти ман нест" овехтанд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон шиори "Президенти ман нест" овехтанд. Дар ин бора расонаҳои он кишвар иттилоъ доданд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин шиор дар шаҳраки Самали Алмато овехта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳеч кас муаллифии ин шиорро ба уҳда нагирифтааст. Як гуруҳи дигари мухолиф бо номи Rukh2k19 дар саҳифаи Инстарграм акси шиори дигареро нашр карда буд, ки дар он навишта шудааст: "Мо қонунӣ будани интихоботи президентиро эътироф намекунем. Мо натиҷаи онро эътироф намекунем. Тоқаев - президенти ман нест!".

Дар Қазоқистон рӯзи 9 июн интихоботи президентӣ баргузор ва Қосимҷомарти 66-сола пирӯз эълом шуд. Нозирони ғарбӣ гуфтанд, интихобот бо қонуншиканиҳои бешуморе баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG