Ссылки доступа

Раиси вилояти Суғд: "Сохтмони роҳи Ворух-Исфара идома дорад"


Раиси вилояти Суғд мегӯяд, сохтмони роҳи Ворух-Исфара идома дорад ва қатъ нашудааст. Қаблан мақомоти шаҳри Исфара гуфта буданд, ки сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон монеи таъмири асосии шоҳроҳи Исфара-Ворух гаштаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 19-уми июн гуфт, сохтмони роҳи Ворух-Исфара идома дорад ва маблағи таъмири он низ аз ҷониби ҳукумати вилоят ҷудо шудааст. Ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода, бояд панҷ километр роҳ мумфарш карда шавад. "Сохтмони роҳ рафта истодааст, асфалт карда истодаем, ягон проблема нест",-гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд хабарҳо дар мавриди муқобилияти сокинони минтақаи наздимарзии Қирғизистон барои таъмири роҳро рад кард. Қаблан мақомоти шаҳри Исфара аз муқобилияти сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткони Қирғизистон ба таъмири асосии шаҳроҳи Исфара-Ворух хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи охирин хабарҳо дар ҷамоати Хоҷа Аълои шаҳри Исфара гуфтугӯи мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон барои бунёди роҳ идома дорад.

Сокинони манотиқи наздимарзии Қирғизистон даъво пеш овардаанд, ки минтақаи бунёди роҳ баҳсӣ мебошад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, макони бунёди роҳ пурра қаламрави Тоҷикистон мебошад.

Дар кулл, се рӯзи ахир марзи Исфараи Тоҷикистон бо вилояти Ботканди Қирғизистон гирифтори моҷароҳое шудааст. Рӯзи гузашта як сокини ҷамоати Ворух гуфт, гурӯҳе аз сокинони вилояти Ботканд боми иқоматгоҳи онҳоро дар чарогоҳи баҳсбарангез дар марз оташ задаанд.

Аз кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон шарҳе нарасидааст ва расонаҳои Қирғизистон, ки доир ба ҳар моҷаро дар марз гузориш медиҳанд, дар ин бора чизе нанавиштаанд.

Дар ҳамин ҳол Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мегӯяд, муовинашро барои фаҳмидани вазъ ба марз фиристод ва феълан вазъ ором аст. Аҳмадзода афзуд, "санҷиш гузарондем, маълумот дорем, ягон проблема нест дар онҷо".

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои таъйину аломатгузоринашуда гоҳ-гоҳ ҷангу даъвову кашмакаш барои обу чарогоҳу замин рух медиҳад ва ба хунрезӣ ҳам кашидааст.

Дар муноқишаи рӯзҳои 13-14 марти имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон куштаву беш аз 20 кас маҷрӯҳ шуданд. Минтақаҳои баҳсии марз асосан дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаку вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG