Ссылки доступа

Ӯзбекистон аз Русия даҳҳо мошини зиреҳпӯши "Тигр" харидорӣ кард


Неруҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон аз Русия чанд адад мошини зиреҳпӯши "Тигр" харидорӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 25 июн хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.

Ба иттилои хабаргузорӣ, "даҳҳо" мошини зиреҳпӯши навъи ВПК-233136 "Тигр" харидорӣ шудааст. Мошинҳо бо дархости ҷониби Ӯзбекистон махсус сохта шудаанд. Ин мошинҳо ҳамчунин бо пулемети ПКМ муҷаҳҳаз ҳастанд.

Мошинҳои зиреҳпӯши "Тигр"-ро корхонаи "Мошинҳои русӣ"-и марбут ба миллиардер Олег Дерипаска месозад. Арзиши як адад мошини "Тигр" то ба 160 ҳазор доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG