Ссылки доступа

Рашид Қодиров - додситони пешини Ӯзбекистон 10 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд рӯзи 26-уми июн собиқ додситони кулли Ӯзбекистон Рашид Қодировро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Маълум нест, ки Қодиров ба ин ҳукм розӣ аст, ё на.

Рашид Қодиров ба порагирӣ, тақаллуб, фирор аз пардохти андоз, дахолат ба ҷараёни тафтишот ва қонунӣ кардани даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада гунаҳкор дониста шуд. Инчунин, додгоҳ ӯро ба пардохти 500 маоши ҳадди ақал муваззаф намуд.

Маълум нест, вокуниши худи Қодиров ба ин ҳукм чӣ будааст, вале ӯ ва 12 мақомдори собиқи маҳкумшуда ҳанӯз фурсат доранд, ки аз рӯйи ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунанд.

Дар додгоҳ гуфта шуд, ки ҷиноятҳои содиркардаи Рашид Қодиров ва гунаҳкорони дигар ба солҳои 2000-2015 рабт мегирад. Қодиров ва шариконаш гурӯҳи навбатии мақомдороне мебошанд, ки баъди ба сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев санҷиш ва муҷозот шуданд.

Дар миёни маҳкумшудаҳои дигар бо қарори додгоҳ исми мақомдорони баландпоя дар сохторҳои ҳифзи қонуни Ӯзбекистон оварда шудааст. Ба бовари додгоҳ, онҳо бо истифода аз мақомҳои баланд дар додситониву сохторҳои дигар даст ба ҷиноятҳои махсусан сангин задаанд.

Дар иттилоияи Додгоҳ гуфта мешавад, ин парванда давоми шаш моҳ паси дарҳои баста баррасӣ ва дар ин муддат баёноти тахминан 200 шоҳид ҳам шунида шуд. Мақомдорони собиқи дигар ба мӯҳлатҳои аз 13 то 19 соли зиндон ҳукм гирифтанд.

Додситони кулли пешини Ӯзбекистон 67 сол дошта, давоми 15 сол дар мақоми додситони кулл кор кардааст.

Моҳи апрели имсол баъд аз се моҳи шурӯи муҳокимаҳои додгоҳӣ созмони Amnesty International гуфт, Рашид Қодиров бо хатари шиканҷа рӯбарӯ аст.

Рӯзи 8-уми апрел дар як изҳороти Amnesty International аз президент Шавкат Мирзиёев тақозо шуд, ки аз ҳуқуқи Қодиров ва 12 гумонбари дигар ҳимоят шуда, ин нафарон аз хатари шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ҳимоят шаванд. Созмон бо истинод ба чанд манбаи боварбахш гуфтааст, Рашид Қодировро дар боздоштгоҳ хобравӣ намемонанд ва шиканҷа мекунанд.

Вале мақомоти Тошканд ин иддаоро рад карда гуфтанд, Қодиров дар боздошт буда, дар ҷиноятҳои марбут ба фасод гумонбар мешавад. Дар як изҳороти додситонии кулли Ӯзбекистон аз 11-уми апрел гуфта шуд, ки дар пайи озмоиши тиббӣ ба чунин хулоса омадаанд, ки “саломатии Қодиров дар шароити боздоштгоҳ нигаҳ дошта шудани ӯро иҷоза медиҳад ва дар бадани ӯ ҳеҷ осори захме дида намешавад”.

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон 5-уми марти соли гузашта писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Зидди падару писар ба маблағи ниммиллиард доллар даъво ва шикоят шуда буд.

XS
SM
MD
LG