Ссылки доступа

Барои табобати Осия аз Олмон табиб оварданд


Барои табобати Осияи шашсола, ки ду ҳафта пеш дар яке аз боғҳои Душанбе оташ зада шуд, аз Олмон табиб оварда шудааст. Масъулини Бемористони рақами 3-и пойтахт гуфтанд, ки як профессори олмонӣ ба муолиҷаи Осия Зулфонова оғоз кардааст.

Тоҳир Зубайдов, як масъули Бемористони рақами 3-и Душанбе рӯзи 1-уми июл гуфт, ки Эдгар Бимер, профессори шинохтаи соҳаи ҷарроҳӣ аз Олмон, як рӯз пеш ба Тоҷикистон омад. Эдмар Бимер мутахассиси шинохтаи бемориҳои сӯхта ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо мебошад.

Ба гуфтаи Тоҳир Зубайдов, вазъи саломатии Осия рӯ ба беҳбуд аст, вале ӯ ҳамчунон дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигаҳдорӣ мешавад. Зубайдов афзуд, ҳамроҳ бо табиби шинохтаи олмонӣ табобати Осия идома дорад ва Эдгар Бимер як муддат дар Душанбе мемонад.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин табиби шинохтаи олмонӣ зери назари президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муолиҷаи Осия Зулфонова ба Душанбе омадааст.

Манбаъ аз қавли табиби олмонӣ мегӯяд, ки ӯ дар ҳамоҳангӣ бо пизишкони тоҷик муолиҷаи Осияи хурдсолро давом дода, "барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад". Ба қавли манбаъ, баъд аз муоина оқои Бимер вазъи сиҳҳии Осияро "муътадили вазнини миёна", гуфтааст.

Ҳодисаи оташ задани Осия Зулфонова рӯзи 19-уми июн дар ҳудуди Боғи миллии ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Мақомоти корҳои дохилӣ се ноболиғи сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро дар ин ҳодиса муттаҳам медонанд. Ин ноболиғон аз 9 то 15 сол доранд.

Ҳодисаи оташ задани Осияи шашсола бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард. Бисёриҳо хостори ҷазои сахт нисбат ба ин се ноболиғ шудаанд, ки мақомот онҳоро дар даст доштан ба ҷиноят муттаҳам мекунанд.

Қазияи оташ задани Осияро феълан Додситонии ноҳияи Сино таҳқиқ дорад. Мақомот ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот дар ин бора чизе намегӯянд.

Бо ин ҳама қазияи Осия Зулфонова паҳлуҳои норӯшани зиёде дорад. Аммо он чизе, ки маълум аст, як тифли шашсолаи тоҷик бо бадани сӯхта рӯи бистари беморӣ барои зинда мондан мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG