Ссылки доступа

Навраси 15-соларо дар Петербург дар қатли муҳоҷири ӯзбекистонӣ гумонбар медонанд (видео)


Дар вилояти Ленингради Русия як навраси 15-соларо бо гумони қатли Ҳикматулло Розиқов, муҳоҷири ӯзбекистонии 49-сола боздошт карданд. Ҷинояти мазкур дар ноҳияи Всеволож дар дохили як мағоза содир шудааст.

Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Куштор" парванда боз кард.

Рӯзи 28 июн навраси 15-сола бо номи Артем савори скутер (мототсикл) муҳоҷири 49-соларо имкони дар роҳи мошингард иҷозаи убур надод. Муҳоҷир наврасро аз рафтори номуносибаш огоҳ кард ва байни онҳо баҳси лафзӣ бархост. Мард баъди он дохили мағоза шуд ва наврас ба дунболи вай рафт. Дар дохили мағоза байни наврас ва муҳоҷири ӯзбекистонӣ занозанӣ рух дод. Наврас бо корд ба мард ҳамла кард. Дар рафти бозпурсӣ наврас ба гуноҳаш иқрор кард.

Додгоҳ гумонбарро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Марди кушташуда ҳамсар ва ду фарзанд дошт. Консулгарии Ӯзбекистон дар Санкт-Петербург вазъиятро зери назорат гирифта, бо тафтишот робита барқарор кардааст.

XS
SM
MD
LG