Ссылки доступа

Баъди нашри акси ҷанҷолбаренгези духтари қазоқистонӣ ширкати сохтмонӣ узрхоҳӣ ва коргари лубнониро ихроҷ кард


Мудири кулли ширкати сохтмонии Consolidated Contracting Engineering & Procurement S.A.L. Offshore (CСЕР) Кауаш Ҳишом субҳи 1 июл дар муроҷиати видеоие аз қазоқистониҳо узрхоҳӣ кард.

Рӯзи 29 июн дар вилояти Атирауи Қазоқистон бо ширкати коргарони CСЕР бетартибӣ сар зад. Ин ширкат паймонкори ширкати нафтии "Тенгизшевройл" аст, ки ба истихроҷ ва сохтмони корхонаи коркарди нафт машғул аст.

"Бо даст рӯи сина, ман изҳор медорам, ки ширкати мо ба бародарони қазоқистонӣ эҳтироми амиқ қоил аст. Ман бори дигар мехоҳам, аз он чи ки гузашт, узрхоҳӣ кунам", - гуфт мудири ширкат.

Сабаби бетартибиҳои оммавӣ нашри акси духтари қазоқистоние гардид, ки шаҳрванди Лубнон Элӣ Довуд онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кард. Қазоқистониҳо нашри чунин аксро таҳқир қабул карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин навор нашр шуд, ки лаҳзаи латту кӯби сокини осоишта аз сӯи коргарони CCEP-ро сабт карда буданд.

Ба иттилои мақомот, дар пайи бетартибиҳо наздики 40 одам осеб дидааст. Дар маҷмуъ дар ин бетартибиҳо қариб 15 ҳазор одам ширкат кардааст.

XS
SM
MD
LG