Ссылки доступа

Facebook нақшаҳои мубориза зидди дурӯғпароканиро эълом мекунад


Шабакаи иҷтимоии Facebook барои мубориза зидди паҳнсозии иттилои дурӯғ ё дезинформатсия чораҳоеро рӯи даст мегирад. Барои мисол, Facebook даъватҳои худдорӣ кардан аз иштирок дар интихоботҳоро манъ мекунад.

Ҳадафи ин тасмим - пешгирӣ аз сӯистифодаи афкори омма дар ҷараёни интихоботи президентии ИМА дар соли 2020 ва барӯйхатгирии аҳолии ИМА унвон шудааст, ки ҳамчунин дар соли оянда дар назар аст.

Facebook-ро барои роҳ додан ба дурӯғпароканӣ ҳангоми интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА танқид мекунанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, сӯистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мумкин аст, ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 халал эҷод кунад.

Бино ба бархе аз иттилоъ, дар ҷараёни барӯйхатгирии даври гузашта маълумот дар бораи бархе аз гуруҳи одамон, аз ҷумла сиёҳпӯстон, зодагони Амрикои Лотинӣ, амрикоиҳои муқимӣ кам нишон дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG