Ссылки доступа

Изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар бораи Радиои Озодӣ


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, қазияи маҳрум кардани хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳаққи кор “беасос ва хилофи этикаи рӯзноманигорӣ шарҳ" дода мешавад. Гуфта нашудааст, манзури вазорат баёнияҳои созмонҳои байнулмилалист ё матолиби расонаҳои Тоҷикистон.

Изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки САҲА, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз қатъи парвона ё аккредитатсияи кори хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Барот Юсуфӣ изҳори нигаронӣ карданд. Ин хабарнигор барои он аз ҳуҷҷати корияш маҳрум карда шуд, ки гӯё дар чанд гузориши худ аз Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон ном бурдааст.

Вазорат дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 3-уми июл Радиои Озодиро ба инъикоси нодурусти воқеиятҳо дар Тоҷикистон муттаҳам карда ва гуфтааст, ки “маводи интишории "Радиои Аврупои Озод" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба хонандагону шунавандагон хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод мекунанд.” Шеваи пешниҳоди ин матолибро вазорат "моҷароҷӯёна ва иғвоангез" номидааст. Ҳамзамон дар изҳорот ҳеч гуна мисолу намунаи мушаххасе зикр нашудааст. Ин дар ҳолест, ки шумораи хонандагону шунавандагон ва бинандагони матолиби Радиои Озодӣ рӯ ба афзоиш дошта, моҳе то 5 миллион нафарро ташкил медиҳад ва ду матлаби ахири он дар озмуни умумии радио ҷоизаҳои баланди касбӣ гирифтанд.

Вазорати умури хориҷӣ иддао кардааст, ки Радиои Озодӣ “идеологияҳои ифротии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24-ро” таблиғ мекунад. Ҳарду созмонро дар Тоҷикистон ифротӣ эълон кардаанд ва фаъолияти онҳо манъ аст. Раҳбарону баъзе аз аъзои ин созмонҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳеҷ идеологияи ифротӣ надоранд ва ба сабаби мухолифаташон ба сиёсатҳои давлат онҳоро “ифротӣ” эълон кардаанд. Ва шеваи кори Радиои Озодӣ пешниҳоди хабару маълумот буда, таблиғро комилан хилофи асоснома ва ахлоқи рӯзноманигорӣ мешуморад.

Радиои Озодӣ як расонаи мустақил аст, ки бо маблағгузории Конгресси Амрико ва тавассути Шӯрои нозирони пахши барномаҳои хориҷӣ фаъолият мекунад. Рисолати Радиои Озодӣ пешбурди арзишҳои демократӣ аст ва ҳадафи он нашри хабарҳои бидуни сензура, баҳсҳои созанда ва мунозираҳои озод аст. Радиои Озодӣ тарафдори ҳеҷ гуна идеология нест ва иттилооти муътамад ва хабарҳои объективиро нашр мекунад.

Вазорати корҳои хориҷӣ Барот Юсуфиро рӯзи 26-уми июн аз ҳаққи кор маҳрум кард. Дар ин рӯз намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба вазорат даъват шуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст." Чаҳор журналисти дигари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон низ интизори тамдиди иҷозаи кор ҳастанд. Дар соли 2016 Вазорати корҳои хориҷии Точикистон дар як рӯз эътимодномаи кори 6 хабарнигори Радиои Озодиро барои гузориш додан дар бораи духтари президенти Тоҷикистон бекор карда, аммо пас аз фишори байнулмилалӣ ба барқарор кардани онҳо маҷбур гашта буд.

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, дар изҳороти рӯзи 27-уми июн гуфт, “иҷозатнома набояд ба унвони як василаи назорати муҳтаво ё маҳдуд кардани ҷараёни иттилоот истифода шавад. Аз мақомот мехоҳам, ки эътиборномаи кори Барот Юсуфиро барқарор кунанд ва ба ҳамкорони ӯ иҷозаи фаъолият диҳанд."

XS
SM
MD
LG