Ссылки доступа

Ҷазираҳои Вирҷиниё шарти иттилоъ додан дар бораи офшорҳоро эълом карданд


Сарвазири ҷазираҳои Вирҷиниёи Бритониё Эндрю Фахӣ гуфт, ки мақомоти кишвараш танҳо дар сурате иттилоъ дар бораи офшорҳоро эълом мекунанд, ки ҳамаи кишварҳои дигар ин гуна иттилоъро оммавӣ гардонанд.

"Мо ба стандартҳои ҷаҳонӣ итоат мекунем, на ба талаботи Бритониёи Кабир", - гуфт Фахӣ.

Мақомоти маҳаллӣ низоми ба қайдгирии соҳибони ширкатҳоро дар ихтиёр доранд, аммо танҳо шумори маҳдуди одамон ба ин низом дастрасӣ доранд.

Моҳи майи соли 2018 порлумони Бритониё бо қабули қонуне талаб кард, ки ҷазираҳои Вирҷиниё то соли 2020 иттилоъ дар бораи соҳибони ширкатҳои офшориро оммавӣ гардонанд. Баъдтар Лондон ин муҳлатро то соли 2023 тамдид кард.

Дар маҷмуъ дар ин ҷазираҳо бештар аз 400 ҳазор ширкат бо ҳаҷми 1,5 трлн доллари дороӣ сабти ном шудааст.

XS
SM
MD
LG