Ссылки доступа

Як ҳолландӣ барои ишқварзии интернетӣ бо ноболиғи тоҷик ба зиндон маҳкум шуд


Додгоҳе дар Ҳолланд як шаҳрванди ин кишварро барои "нияти бадрафтории ҷинсӣ бо кӯдак” – як духтари ноболиғи тоҷик ба 18 моҳи ҳабс маҳкум кард. Ин мард ва духтари тоҷик иттиҳомро бепояву асос меноманд.

Ҳукми додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Арнем-Лееуварден, ки 27-уми июн содир шуд, қарори додгоҳи зинаи аввалро аз соли 2015 тасдиқ кард, ки ин марди 56-соларо дар рафтори шаҳвонӣ нисбати духтари ноболиғе аз Тоҷикистон гунаҳгор дониста буд. Ҷузъиёти қарори ҳарду додгоҳ моҷароҳоеро тасвир мекунад, ки 8 соли пеш дар Тоҷикистон шурӯъ шуда, боиси бадном ва баста шудани як созмони хайрияи ҳолландӣ ва кӯмакрасон ба атфоли маъюб гардид.

Худи маҳкумшуда - муассис ва раҳбари бунёди хайрияи "Святослав" мегӯяд, ки бо қарори додгоҳ розӣ нест ва ният дорад муборизаи худро дар Додгоҳи олии Ҳолланд идома диҳад. Духтари тоҷик, ки дар парванда ба унвони "қурбонӣ" ёд мешавад, дар додгоҳ гуфтааст, ки мард ба ӯ осебе нарасонидааст ва гунаҳгор будани ин мардро дар ҷинояти зикршуда "беасос" ва иттиҳомотро "як тӯҳмат" меномад. Вале бархе шоҳидони ин моҷаро ҳукми додгоҳро ҳамчун "тантанаи адолат" истиқбол карданд.

Дар идомаи матн аз мард ҳамчун Т.В. (соли таваллудаш 1963, шаҳрванди Ҳолланд, сокини шаҳраки Шарнегутуми) ва аз духтар ҳамчун Ш.М. (таваллудаш соли 1998, шаҳрванди Тоҷикистон, сокини Душанбе) ёд хоҳад шуд.

Ҳукми додгоҳи шаҳри Арнем-Лееуварден, ки рӯзи ҷумъа, 27-уми июн содир шуд, гунаҳгор будани Т.В.-ро тасдиқ кард. Дар хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, ки Т.В. аз роҳи муоширати телефонӣ, мукотибаҳо ва навиштаҳояш тавассути паёмрасонҳову почтаи электронӣ бо духтари тоҷик сӯҳбатҳое кардааст, ки "мазмуни ошиқона" доштааст. Аз ҷумла, дар мукотибаҳои маҳкумшуда ва қурбонӣ, ба навиштаи додгоҳ, сухан аз "оғӯшкашӣ", "бӯсаҳо", "ишқварзӣ" ва дигар ифодаҳо меравад, ки ба хулосаи додгоҳ, "дорои мазмуни шаҳвонӣ" мебошад. Додгоҳ гуфт, ки сабти сӯҳбатҳои телефонии ин ду нафар дар моҳҳои январу феврали соли 2013 нишон дод, ки марду духтар дар бораи нақшаҳои тӯй, шаби аввали арӯсӣ ва таваллуди фарзанд сӯҳбатҳо кардаанд.

Дар хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, "дар мазмуни муоширати онҳо бешубҳа вуҷуди муносибатҳои маҳрамонае, ки миёни як зан ва як мард буда метавонад, мушоҳида мешавад".

Вале ҷониби айбдоршуда дар полис иддао кардааст, ки муносибатҳои ӯву духтари ноболиғ "мисли падару духтар буд" ва мазмуни ошиқона надошт". Аз ҷумла, худи Ш.М. гуфт, ки ин ҳама сӯҳбатҳо бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст ва ин мард гуноҳе надорад.

Дар матни қарори додгоҳ дар бораи забони муоширати ин ду нафар чизе гуфта намешавад, вале дар матни мукотибаҳои маҳрамонаи муфассали ин ду нафар, ки ба ҳолландӣ тарҷума шуда, дар ҷараёни тафтишот ҳам истифода шудааст, ба корбурди калимаҳои тоҷикӣ ва англисӣ ишора рафтааст. Худи Ш.М. мегӯяд, ки забони муоширати ӯву ин мард англисӣ буд.

Додгоҳ муайян кардааст, ки маҳкумшуда духтарро ду дафъа ба Ҳолланд ва инчунин ба дидани кишварҳои дигари аврупоӣ бурдааст. Дар додгоҳ чизе дар заминаи вуҷуди муносибатҳои ҷинсии миёни марди калонсолу духтари ноболиғ гуфта намешавад. Худи маҳкумшуда ва қурбонӣ пойфишорӣ мекунанд, ки муносибатҳои онҳо орӣ аз робитаҳои ҷинсӣ будааст. Додгоҳ гуфтааст, марде, ки аз духтари наврас 35 сол бузургтар мебошад, бар ӯ "нуфуз ва тасаллут дошт", ба Ш.М. тӯҳфаҳои гаронбаҳо карда, ба модараш маблағ дода, хонаашро таъмир ва барои ошхонааш мебел харидааст.

Бар асоси қарори додгоҳ аз соли 2015, муошират ва мулоқоти маҳкумшуда бо ҷабрдида ва сафари Т.В. ба Тоҷикистон комилан манъ шудааст. Илова ба ин Т.В. ҳақ надорад бо фаъолиятҳое машғул шавад, ки ба кӯдакони ноболиғ рабт мегирад.

Парвандаи раҳбари бунёди "Святослав"-ро бар асоси шикоятҳои расмии ҳамкорони собиқи ҳолландии мард дар соли 2013 пулиси зидди ҷиноятҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдакони Ҳолланд ба роҳ монд. Марҳилаи ҷиноят, ба навиштаи додгоҳ, январи соли 2010 то феврали соли 2013-ро дар бар мегирад. Додгоҳ мегӯяд, ки духтари қурбонӣ аз як хонаводаи ниёзманд ва хоҳараш маъюбу эҳтиёҷманди кӯмак мебошад. Ин духтар, ба навиштаи додгоҳ, ҳамчун як корманди ихтиёрӣ ба созмони хайрия ба кор омад ва дар ҳамин ҷо бо Т.В. шинос шуд. Маҳкумшуда дар додгоҳ тасдиқ кард ва гуфт, ки "агар кӯмакҳои ӯ ва падарандари духтар набуд, ин оила хеле азият мешуд".

Бино ба нақли худи духтар, падараш ҷудо аз онҳо зиндагӣ мекунад ва ӯву хоҳари маъюб ва додарашро модараш танҳо бузург кардааст. Ҷудит Зейлстра ба ҳайси як корманди ихтиёрӣ дар созмони "Святослав" кор кардааст. Ӯ яке аз нафароне буд, ки ба пулиси Ҳолланд соли 2013 дар бораи рафторҳои ба андешаи ӯ ғайриахлоқии Т.В. бо кӯдакон шикоят карда гуфтааст, ки шоҳиди муносибати "фавқулодда гарм" бо 2 кӯдак – як писарбачаи маъюби 11 ва духтари 12-сола шудааст.

XS
SM
MD
LG