Ссылки доступа

Даргузашти варзишгари маъруфи ӯзбек Равиля Салимова


Варзишгари маъруфи ӯзбек ва баскетболбози номдор Равиля Салимова 3 июл дар сини 77 даргузашт. Дар ин бора Кумитаи олимпии миллии Ӯзбекистон хабар дод.

Равиля Салимова 8 августи соли 1941 дар ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхандарё зода шуда, дар ҳайати тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ду бор қаҳрамони ҷаҳон ва се бор қаҳрамони Аврупо эълом гаштааст. Дар Универсиадаи умумиҷаҳонӣ ду бор медали тило ба даст овардааст.

"Ӯ бо вуҷуди даъвати дастаҳои маъруфи ҷаҳон дар ҳайати тими "Меҳнат"-и Тошканд боқӣ монд. Салимова пас аз қатъи фаъолият дар варзиши касбӣ ба тарбияи ҷавонону наврасон дар ин соҳа машғул шуд", - афзудааст манбаъ.

XS
SM
MD
LG