Ссылки доступа

Шаҳрванди латтукӯбшудаи Нигерия дар бемористони Бишкек ҷон дод


Зодаи Нигерия, соли таваллудаш 1985, ки дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон латту кӯб шуда буд, шаби 5 июл дар беморхона ба ҳалокат расид. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Қирғизистон иттилоъ доданд.

Рӯзи 2 июл дар маркази шаҳри Бишкек як марди ношинос шаҳрванди Нигерияро латту кӯб кард. Шаҳрванди Нигерия дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд. Пулис бо моддаи "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парванда боз кард.

Мақомоти интизомии Қирғизистон гуфтанд, 3 июл бо гумони латту кӯб кардани шаҳрванди Нигерия як зодаи вилояти Чуйи ин кишварро боздошт кардан ва тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба мақомот дастур дода буд, ки гунаҳкоронро пайдо ва муҷозот кунанд.

XS
SM
MD
LG